Аз манъи парвозҳои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба Маскав дар фурудгоҳи Хуҷанд бесарусомонӣ ба мушоҳида намерасад. Намояндагони ширкат изҳор мекунанд, ки ҳамаи мусофирон саривақт аз қазия огоҳ карда шуда, пулҳояшон пурра баргардонида шудааст.
«Ба туфайли кори мураттаби маркази хизматрасонӣ қариб ҳамаи мусофироне, ки бояд бо хатсайрҳои наздиктарин ба Маскав парвоз мекарданд, пешакӣ аз вазъ огоҳ карда шуданд», - хабар дод ба «Азия-Плюс» намояндаи ширкати «Сомон Эйр» дар Хуҷанд Ҷӯрабой Содиқов. - Кормандони марказ мувофиқи имкон ба ҳамаи мусофирон занг зада, барои нороҳат шуданашон маъзарат хостанд».
Ба гуфтаи ӯ, ба мусофирон мувофиқи хоҳишашон пурра баргардонидани пули билет ё ба хатсайри наздиктарини ширкат гузаронидани он пешниҳод шуда, беш аз 40%-и мусофирон билетҳояшонро ба хатсайри наздиктарин иваз кардаанд.
Намояндаи ширкат умедвор аст, ки рӯзҳои наздик масъалаи манъи парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Сомон Эйр» мусбат ҳал мешавад.
Дар гуфтугӯи телефонӣ бо хабарнигори «Азия-Плюс» намояндаи ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Ӯктам Хабилов иттилоъ дод, ки манъи аз ҷониби Русия ҷоришуда, ба парвозҳое, ки аз ҷониби ин ширкат анҷом дода мешаванд, дахл накардааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин ширкат бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, дар як ҳафта рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе, шанбе ва якшанбе парвозҳо анҷом медиҳад.
«Дар робита ба вазъи ҷойдошта дар ширкати «Сомон Эйр» шумори хоҳишмандони парвоз ба Маскав якбора хеле зиёд шуда, мо имкони надорем, ки ҳамаи онҳоро ба Маскав фиристем, - гуфт ӯ. - Ба хатсайри рӯзи панҷшанбе 4 билет, шанбе - 40 ва якшанбе - 60 билет боқӣ монда, онҳо хеле зуд ба фурӯш рафта истодаанд».