Дар посух ба рад шудани парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал» аз фурудгоҳи Жуковский дар ҳаҷми дархостшуда аз ҷониби Тоҷикистон, Русия аз 3 апрел нисбати парвози ҳавопаймоҳои ширкати Somon Air ба Маскав таҳримҳо ҷорӣ кард.

Ҷониби Русия ба 4 парвоз ба Душанбе ва 3 парвоз ба Хуҷанд исрор варзида, Тоҷикистон ба «Ямал» 2 парвоз ба Душанбе ва 2 парвоз ба Хуҷандро пешниҳод мекунад, ки Русия тамоман инро қабул надорад.

Айни замон Somon Air аз 7 парвози пештара аз Душанбе - 3 парвоз ба Маскав анҷом дода, аз Хуҷанд, ки 3 маротиба дар як ҳафта ба пойтахти Русия парвозҳо сурат мегирифтанд, ягон парвоз ба иҷро намерасонад.

Алҳол мақомоти авиатсионии ҳарду кишвар ба гуфтушунид доир ба ин масъала напардохтаанд, ҳарчанд русиягиҳо ҳамтоҳои худро ба Маскав даъват карданд.

Дар ҳамин ҳол, хабарнигори «Азия-Плюс» бо ташриф ба чанде аз нуқтаҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоии воқеъ дар назди бозори Шоҳмансур тасмим гирифт, ки аз арзиши билетҳо ба Маскав дар партави ин баҳсҳо огаҳӣ пайдо кунад.

«Арзиши билетҳо ба хатсайри Somon Air рӯзҳои охир каме поин рафтанд, - мегӯяд яке аз кормандони ин нуқтаҳо. - Агар каме пештар арзиши билети Душанбе - Маскав 2,500 сомониро ташкил медод, ҳозир онро метавон бо 2,400 сомонӣ харидорӣ кард».

Ба гуфтаи корманди дигар, агар билет барвақттар гирифта шавад, нархаш хеле поинтар - 2,200 сомонӣ хоҳад буд.

«Ба гунаи мисол, арзиши билет то 17-15 рӯзи парвоз 2,400 сомониро ташкил дода, бо ин нарх ҳамагӣ 14-17 билет ҳаст, - иброз дошт ӯ. - Бо наздикшавии рӯзи парвоз, арзиши билет ба болоравӣ - аз 2,600 сомонӣ ва ҳадди ниҳоӣ - то ба 3,100 сомонӣ майл мекунад».

Бақавли кормнадони нуқтаҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоӣ, кам шудани миқдори парвозҳо ба Маскав ба ҳеҷ гунае ба арзиши билетҳо ба ин самт таъсир нарасонидааст.

«Ба фикри ман, ин ҳолат муваққатӣ, ҳадди ниҳоӣ як ҳафта давом мекунад, - гуфт яке аз кормандони нуқтаҳо. - Тоҷикистон кишваре нест, ки бо Русия сарбасар шавад, зеро мо дар ҳама чиз ба ин кишвар вобастаем».

Дар ҳамин ҳол, имрӯз, 7 апрел билети ҳавопаймоӣ аз Душанбе ба Маскавро бо нархҳои зерин метавон дастрас кард: ба хатсайри Somon Air (Домодедово) - 2,400 сомонӣ, Tajik Air (Домодедово) – 2,450 сомонӣ, UTair (Внуково) – 2,380 сомонӣ, «Уралские Авиалинии» (Жуковский) – 2,200 сомонӣ.