Дар рейтинги соли гузаштаи ширкати консалтингии Mercer миёни 33 шаҳри бадтарин барои зиндагӣ Душанбе зинаи 19-умро ишғол намуда, байни пойтахтҳои Бангладеш ва Нигерия ҷой гирифт.

Дар ин раддабандӣ, миёни нишондиҳандаҳои гуногун, ифлосшавии муҳити зист аз фаъолияти корхонаҳои саноатӣ низ зикр гардида буд, ки бо ангишт кор мекунанд.

Яке аз чунин корхонаҳо - «Тоҷиксемент» мебошад, ки дар Душанбе ҷойгир аст. Соли 2013 бинобар сабаби мушкилоти интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон, корхона ба истифодаи ангишт ба сифати сӯзишворӣ гузашт.

Айни замон бо истифода аз 72 ҳазор тонна ангишт дар як сол корхона 180 ҳазор тоннна семент истеҳсол мекунад ва ҳаҷми истеҳсолро боз зиёд карданианд, зеро иқтидори лоиҳавии корхона ба истеҳсоли 1 млн. тонна семент дар як сол имкон медиҳад. Ин маънои онро дорад, ки истифодаи ангишт низ ба таври назаррас меафзояд.

«Тоҷиксемент» охири соли 2013 ба истифодаи ангишт гузашта, он замон бо иштироки Президент навбати аввали корхона ба истифода дода шуд. Барои навсозии истеҳсолот 62 млн. сомонӣ (13,5 млн. доллар) маблағ масраф гардида, зикр шуда буд, ки технологияи насбшуда сарфакор, бидуни партов ва барои муҳити зист безарар аст.

Таъсири истифодаи ангиштро душанбегиҳо моҳи январи соли 2017 ҳангоми ба кор даромадани Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 баръало мушоҳида карданд. Ин марказро ширкати ТВЕА-и Чин бунёд кард. Тибқи лоиҳа, талаботи шабонарӯзии ин марказ ба ангишт то 6 ҳазор тонна мерасад. Ҳамагӣ бо гузашти чанд рӯз дар манзилу автомашинаҳо ва аттраксионҳои боғи наздики марказ чангу дудаи ғафси сиёҳтоб пайдо шуд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист он замон изҳор дошта буд, ки ин вазъи муқаррарӣ буда, партовҳои аз Марказ хориҷшаванда аз меъёр зиёд нест.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат, семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 426 ҳазор тонна семент истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 53 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Роҳбари Фонди дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандии Тоҷикистон Муаззама Бурҳонова мегӯяд, оқибатҳои манфии истифодаи ангишт ба сифати сӯзишворӣ на ҳамеша ба чашм аёнанд. Ӯ изҳор кард, ки истифодаи ин навъи сӯзишворӣ хоку сарчашмаҳои об ва фазоро ифлос карда, ҳамаи ин дар маҷмӯи ба экология ва вазъи солимии одамон зиёни ислоҳнопазир мерасонад.

Тайи 8 соли ахир бо кумаки сармоягузорони Чин истеҳсоли семент дар Тоҷикистон қариб 10 маротиба зиёд шуда, Тоҷикистон минбаъд низ ният дорад, ки тавассути таъсиси корхонаҳои нави муштарак бо Чин ҳаҷми истеҳсоли ин навъи масолеҳи сохтмонро зиёдтар кунад.

Экологи мустақил бидуни ифшои ному насаб қаблан ба «Азия-Плюс» изҳор карда буд, ки дар робита ба мушкилоти экологӣ солҳои охир Чин корхонаҳои асосии ифлоскунандаи ҳаво, аз ҷумла корхонаҳои сементбарориро ба берун аз ҳудуди кишвараш интиқол медиҳад.

«Тибқи маълумоти оморӣ, дар беш аз 90%-и шаҳрҳои Чин  таркиби маводи зараровар дар ҳаво аз меъёр зиёд буда, соҳибкорони Чинро ба дарёфти кишвари дорои шароити мусоид барои тиҷорати онҳо маҷбур кардаанд ва барои корхонаҳои истеҳсолкунандаи семент Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин кишварҳои «мусоид» интихоб шудааст, зеро ин ҷо ба ин масолеҳи сохтмон зиёд ниёз доранд, - гуфт ӯ. - Ғайр аз ин, дар Тоҷикистон қувваи кории арзон вуҷуд дорад, ки ин ҳам барои сармоягузорони Чин қобили қабул аст».

Тирамоҳи соли гузашта коршиноси австралиягӣ Дирк ван дер Клей дар мақолаи худ таҳти унвони «Чин истеҳсоли ифлоси сементи худро ба Тоҷикистон интиқол медиҳад («Китай переносить грязное производство цемента в Таджикистан», China shifts polluting cement to Tajikistan) ин масъаларо мавриди таҳлил қарор дода, зикр карда буд, ки бар асари ҷорӣ шудани меъёрҳои шадиди экологӣ дар Чин, сармоягузорони ин бахш барои афзоиши даромади худ ва сохтмони корхонаҳои нав кишварҳои дигари мусоид ҷустуҷӯ мекунанд ва Тоҷикистон яке аз ин кишварҳост.