Дар Тоҷикистон Комиссияи давлатии барӯйхатгирии аҳолӣ таъсис дода шуд. Баргузории ин маърака соли 2020 пешбинӣ шудааст.
Комиссияи мазкур бар асоси қарори ҳукумат таъсис ёфта, ҳамчунин ба омодагӣ ва баргузор намудани барӯйхатгирии фонди манзили Тоҷикистон низ мусоидат мекунад. Фармони Президент «Дар бораи омодагӣ ва баргузор намудани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Тоҷикистон дар соли 2020» моҳи октябри соли 2015 ба имзо расид.
Ин маърака аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлатӣ ва грантҳои созмонҳои байнулмилалӣ маблағгузорӣ шуда, пеш аз ин соли 2018 дар шаҳри Норак, ҳамчнуин маҳаллаҳои 64 ва 91-уми пойтахт ба таври озмоишӣ барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад. Ба инобат гирифтани воситаҳои зарурӣ дар моддаи ҷудогонаи буҷетҳои маҳаллӣ пешбинӣ мегардад.
Ёдрас мекунем, ки бори охир барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Тоҷикистон соли 2010 доир гардид. То тирамоҳи соли 2010 шумори аҳолии Тоҷикистон 7 млн. 565 ҳазор нафарро ташкил дода буд, ки нисбат ба соли 2000-ум 1 млн. 438 ҳазор нафар зиёдтар аст. Ба аввали соли 2017 шумори аҳолии Тоҷикистон наздики 8,8 млн. нафар арзёбӣ мешавад.
Барои баргузор намудани ин маърака он замон аз буҷети давлатӣ 27 млн. сомонӣ (беш аз 6,1 млн. доллар) маблағ ҷудо гардида, ба кор дар он зиёда аз 30 ҳазор нафар ҷалб шуданд.
Қобили зикр аст, ки мувофиқи тавсияҳои Созмони Милали Муттаҳид, дар саросари ҷаҳон маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ҳар як 10 сол гузаронида мешавад.