Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон рӯзи 11 октябр ба муносибати ҷашни Рӯзи фалак «Шоми фалак» доир гардид. Донишҷӯёни консерватория мақомҳои фалакро бо тарзу усулҳои гуногун иҷро карданд.

Тобистони соли равон як гурӯҳ аз омӯзгорони Консеватория аз шаҳри Кӯлоб ва минтақаи Бадахшон боздид намуда, ҳудуди 60 нафар ҳунармандони мардумии фалакро дарёфт ва беш аз 100 иҷрои фалакро сабт карданд, ки дар китобхонаи консерватория маҳфуз аст.

1/30

Фармон дар бораи санаи 10 октябр дар Тоҷикистон ҷашн гирифтани Рӯзи фалакро Преиденти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 8 августи соли 2007 ба имзо расонида буд.