Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9 ноябр аз Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» боздид намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, соли ҷорӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафед-дара» як қатор иншооти иловагӣ дар ҳудуди Маҷмаа сохта шуда, бунёди дигар биноҳо идома дорад.

Соли ҷорӣ дар ин ҷо майдони бозии Пейнтбол, майдончаи варзишӣ, Зиплайн, Баги ва майдони аспсаворӣ сохта шуда, барои қабули дӯстдорони ин намудҳои варзиш омода мебошанд. Ҳамин тариқ, ҷиҳати татбиқи корҳои сохтмонӣ, ташкили инфрасохтори иловагӣ ва намудҳои нави варзиш аз ҷониби ҷамъият дар ин маҷмаа 6,5 миллион сомонӣ маблағ сарф гардидааст.

Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Дар ҳудуди маҷмааи лижаронии “Сафед - дара” барои моҳидорон ҳавз бо 2 ҳазор моҳии фаррел сохта шудааст. Меҳмонон метавонанд бевосита худашон аз ҳавз моҳӣ дошта, дар ҳамин ҷо онро пазанд.

Оянда тибқи нақша илова ба иншооти мавҷуда роҳбарияти Маҷмааи лижаронии “Сафед-дара” ба нақша гирифтааст, ки дар ин мавзеъ аттраксион барои бозиҳои арғамчинӣ, коттеҷҳои дуошёнаи истиқоматӣ, аспхона ва боғи ҳайвонот бо паррандаву ҳайвонҳои нодири хонагию ваҳшӣ, аз қабили уштур, хирс, бузи кӯҳӣ, қутос, навъҳои гуногуни сагҳо, рӯбоҳ, шағол, паланг, шер, кенгуру, маймунҳои мухталиф, шутурмурғ ва ғайра сохта ба истифода диҳад.

Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки бо сохтмони 5 километр роҳ хати лижаронӣ то ба баландии 3100 метр аз сатҳи баҳр бароварда шуда, имсол ба масофаи 12 километр ва солҳои оянда то ба 20 километр дарозу васеъ карда шавад, то ин ки дар ин ҷо имкони баргузории чорабиниҳои варзишии зимистонаи сатҳи байналмилалӣ муҳайё гардад.