Таъсири оқибатҳои манфии муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҳама бештар дар кӯдакон ба мушоҳида мерасад. Тибқи баъзе маълумот, дар мактабҳои Русия шумори кӯдакони муҳоҷирон ҳамасола дар ҳоли зиёдшавӣ аст. Монеъаи асосӣ дар мутобиқшавии кӯдак хуб надонистани забони русӣ ба ҳисоб меравад. Ин гуна кӯдакон маводи мактабро хуб азхуд накарда ё умуман ба мактаб намераванд.
Омӯзиши кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳо яке муҳимтарин ва мушкилтарин масъала барои муҳоҷирон дар Русия маҳсуб меёбад. Аксар вақт кӯдакони муҳоҷирон дар азхудкунии дарсҳо аз ҳамсолони худ қафо мемонанд. Дар баъзе минтақаҳои Русия дар ҳалли ин мушкилот ихтиёриён кумак карданианд.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/248116/%D0%9F%D0%BE%D0%B7%D0%BD%D0%B0%D0%B2%D0%B0%D1%82%D0%B5%D0%BB%D1%8C%D0%BD%D1%8B%D0%B5%20%D0%B8%D0%B3%D1%80%D1%8B.jpg)
Муҳимаш таслим шудан лозим нест!
«Тӯбро бонавбат ба ҳамдигар партофта, гап мезанем, агар ин феъл бошад, тӯбро медорем ва ба дигар кас ҳавола мекунем ва агар ин калима феъл набошад, тӯбро намедорем ва онро сар медиҳем. Саволи санҷишӣ медиҳем «Чӣ кор мекунам? Чӣ кор мекунад?», - савол медиҳад дар машғулияти навбатӣ муаллимаи ҷавон Екатерина Фадеева. Ӯ худаш дар яке аз мактабҳои шаҳри Санкт-Петербург аз забон ва адабиёти русӣ дарс гуфта, ҳамзамон яке аз ихтиёриёни ташкилоти «Дети Петербурга» (КӯдакониПетербург) мебошад.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/248116/%D0%94%D0%B5%D1%82%D0%B8%20%D0%9F%D0%B5%D1%82%D0%B5%D1%80%D0%B1%D1%83%D1%80%D0%B3%D0%B0.jpg)
Кӯдакон каме шарм дошта, пешниҳоди муаллимаро мепазиранд ва ба бозӣ оғоз мекунанд. Дар аввал ба онҳо каме душвор аст, дида мешавад, ки аз хато кардан меҳаросанд, вале баъдтар бозӣ шавқовар шуда, аз ҳама кӯдакони шармгин ҳам ба он ҳамроҳ мешаванд.
«Дар чунин машғулиятҳо синнусол муҳим нест. Миёни хонандагон ҳам синфҳои якум ва ҳам наврасон ҳузур доранд, ки барои хондан ё шунидани чӣ гуна гузаштани машғулиятҳо меоянд. Бо онҳо хеле шавқовар аст, ҳарчанд дар аввал онҳо бисёр вақт намефаҳманд, вале таслим намешаванд, ана ҳамин хел онҳо ҷавонони хубанд», - мегӯяд Фадеева.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/248116/%D0%98%D0%BD%D1%82%D0%B5%D1%80%D0%B5%D1%81%D0%BD%D1%8B%D0%B5%20%D0%B7%D0%B0%D0%BD%D1%8F%D1%82%D0%B8%D1%8F.jpg)
Дар ин ҷо кӯдакон аз кишварҳои гуногун таҳсил мекунанд, байни онҳо кӯдакони гуреза аз Афғонистону Сурия ҳам ҳузур доранд, вале ҳиссаи асосиро кӯдакони муҳоҷирони меҳнатӣ ва Тоҷикистону Қирғизистон ва аз ҳама бештар аз Ӯзбекистон ташкил медиҳанд. Имрӯз дар чунин машғулиятҳо дар маҷмӯъ ҳудуди як ҳазор нафар кӯдакон иштирок мекунанд.
Машғулиятҳо дар кабинети начандон калони Китобхонаи марказии шаҳрии кӯдакона дар кӯчаи Болшевикҳо баргузор мешаванд. Ин танҳо яке аз ҷойҳои доимии баргузор намудани машғулиятҳо дар шаҳр аст. Ташкилот бинои худро надошта, ҳамаи омӯзгорон ихтиёриён мебошанд. Хоҳишмадони пешниҳоди бино барои баргузории машғулиятҳо, омӯзгорон ва хонандагонро ҳам худи ихтиёриёни «Дети Петербурга» мустақилона ё бо кумаки шарикон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, шиносҳо ё тавассути тақсими флайеру боздид аз мактабҳо ҷустуҷӯ ва дарёфт мекунанд.
Таърихи Руслан
Руслани нуҳсола, писаре аз Тоҷикистон дар яке аз мактабҳои Петербург таҳсил намуда, ду маротиба дар як ҳафта ба машғулиятҳои ташкилот меояд. Дар ин ҷо ӯ натанҳо забони русӣ, балки тарзи гуфтугӯ ва муоширатро низ меомӯзад.
«Пештар ман забони русиро хуб намедонистам, акнун хеле беҳтар шудааст», - мегӯяд бо тарзи ба худ хоси талаффуз Руслан. Каме пештар бошад, Мунира, модари ӯ дар фикри он буд, ки ӯро аз мактаб гирад, зеро шикоятҳо мерасиданд, ки бар асари надонистани забон, писараш аз ҳамсолонаш хеле қафо монда, азхудкунии барномаи мактаб барояш хеле душвор мебошад. Худи Руслан ҳам аз ин душворӣ мекашид.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/248116/%D0%BE%D0%B4%D0%BD%D0%BE%20%D0%B8%D0%B7%20%D0%97%D0%B0%D0%BD%D1%8F%D1%82%D0%B8%D0%B9.jpg)
«Ихтиёриён худашон ба мактаби мо омаданд. Гуфтанд, ки забони русиро меомӯзонанд ва ҳамаи ин барои кӯдакони муҳоҷирони меҳнатӣ бепул аст. Рақами телефонҳо ва тарзи дарёфти онҳоро дар мактаб фаҳмониданд. Ман аз писарам инро шунидам ва албатта, дарҳол ба онҳо занг задам. Номи писарамро сабт карда, барои худ ноҳияи қулайро интихоб кардем ва акнун аз он замон муддати се моҳ аст, ки Руслан ба ин машғулиятҳо меравад», - ҳикоят мекунад Мунира.
Онҳо бо оилаашон аллакай муддати ҳашт сол аст, ки дар Санкт-Петербург кору зиндагӣ мекунанд. Оилаашон миёни ҳамин гуна муҳоҷирони ба худашон монанд зиндагӣ доранд ва бо забони русӣ хеле кам байни худ гуфтугӯ мекунанд. Ана барои ҳамин кӯдак низ то ба мактаб қадам ниҳодан забони русиро хуб азхуд карда натавонист.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/248116/%D0%9E%D1%87%D0%B5%D1%80%D0%B5%D0%B4%D0%BD%D0%BE%D0%B5%20%D0%B7%D0%B0%D0%BD%D1%8F%D1%82%D0%B8%D0%B5%20%D0%B4%D0%BB%D1%8F%20%D0%BF%D0%B5%D1%80%D0%B2%D0%BE%D0%BA%D0%BB%D0%B0%D1%88%D0%BA%D0%B8.jpg)
«Нисбат ба мактаб ин ҷо ба ман бештар маъқултар аст, - мегӯяд бо табассум Рсулан. – Мо дар ин ҷо натанҳо гуфтугӯ кардану навиштанро меомӯзем, балки бозӣ ҳам мекунему боз рӯзҳои истироҳат ба осорхонаву китобхонаҳо низ меравем».
Ташкилот тарбиятгирандагони худро бо шаҳр ва фарҳанги он шинос мекунад, ба Эрмитаж, Русский музей, Петергоф ба саёҳат мебарад, ба намоишномаҳои театрҳои кӯдакона, майдонҳои осорхонаву намоишгоҳҳо тамошо бурда, тобистон машғулиятҳо аксаран дар боғҳо мегузаранд. Дастандаркорони ин корҳо мутмаинанд, ки бидуни ин амалҳо дарки Русия ва омӯхтани забон ғайриимкон аст. Тӯли 5 соли нопурраи фаъолият «Дети Петербурга» беш аз 900 тарбиятгирандагонро омода карданд.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/248116/%D0%9E%D0%B4%D0%B8%D0%BD%20%D0%B8%D0%B7%20%D1%83%D1%87%D0%B5%D0%BD%D0%B8%D0%BA%D0%BE%D0%B2.jpg)
«Кӯдакон» ҳамеша дар ҷустуҷӯи шарикон
Ба ҷуз омӯзонидан, ихтиёриён аксар вақт зимни ба мактабҳои Петербург рафтан ба волидони кудакон кумаки машваратӣ мерасонанд. Ташкилот бо мақомоти давлатии Санкт-Петербург шарикӣ дорад.
«Аз ҳама мушкил корҳои тадорукотӣ аст. Ҷамъоварии кӯдакон, занг задан ба ҳамаи онҳо, фаҳмидани ба мактаб рафтани онҳо, донистани сабаби аз машғулиятҳои мо даст кашидани онҳо душвор аст. Айни замон мо 95 нафар кӯдак ва 11 майдон дорем, вале ин рақамҳо доимо тағйир меёбанд», - мегӯяд роҳбари ташкилоти «Дети Петербурга» Юлия Алимова, ки хеле ҷавон дарҳол пас аз таъсисёбии ташкилот соли 2012 ба он омадааст.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/248116/%D0%A1%D1%85%D0%BE%D0%B4%D0%B8%D0%BB%D0%B8%20%D0%B2%20%D0%9C%D1%83%D0%B7%D0%B5%D0%B9.jpg)
Юлия ҳикоят мекунад, ки ин пешниҳодро Ирина Беляева, равоншинос, директори кӯдакистони хусусӣ ва Даниил Любаров, фаъоли ҷомеа (аввалин раиси ташкилот) амалӣ сохтанд. Пас аз як моҳ 15 нафар ихтиёриён ба ташкилот омада, ҳамин тариқ, ташкилот бидуни бинои худу маблағгузорӣ рушду густариш ёфт.
Ба гуфтаи Юлия, ташкилот ҳозир низ чун пешин доим дар ҷустуҷӯи маблағгузорӣ аст, давоми сол ба «Дети Петербурга» мағозаи хайрияи «Спасибо» кумак карда, вале хоҳ нохоҳ дастгирӣ доимиву устувор нест, аз ин рӯ ба ихтиёриён доимо лозим меояд, ки дар ҷустуҷӯӣ шарикон бошанд.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/248116/%D0%A1%D0%BE%D1%81%D1%82%D0%B0%D0%B2%20%D0%B2%D0%BE%D0%BB%D0%BE%D0%BD%D1%82%D0%B5%D1%80%D0%BE%D0%B2%20%D0%94%D0%B5%D1%82%D0%B8%20%D0%9F%D0%B5%D1%82%D0%B5%D1%80%D0%B1%D1%83%D1%80%D0%B3%D0%B0.jpg)
Бисёр вақт шарикон дар харидории китобу дастурҳои таълимӣ кумак карда, раҳбарияти осорхонаву театрҳо бепул билет медиҳанд.
Дар бораи шумори кӯдакони муҳоҷир дар Русия, аз ҷумла дар шаҳри Санкт-Петербург маълумоти саҳеҳ дастрас нест. Тибқи маълумоти ахир, ки ҳанӯз моҳи апрели соли 2016 дар сомонаи Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия нашр шуд, дар ин давра дар Русия 878,5ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон зиндагӣ доштаанд, ки беш аз 105 ҳазор нафарашонро кӯдакони синни то 17-сола ташкил медодаанд. Бино ба маълумоти ВКД Русия, аз рӯи натиҷаҳои моҳҳои январ-сентябри соли 2017 – 1,5 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба қайди муҳоҷират гузошта шудаанд.
Дар дӯши ихтиёриён
Дар пойтахти шимоли Русия ба ҷуз ташкилоти «Дети Петербурга», боз якчанд ташкилотҳо ба омӯзиши кӯдакони муҳоҷирон машғуланд.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/248116/%D0%9B%D0%B5%D1%82%D0%BD%D0%B8%D0%B5%20%D0%B7%D0%B0%D0%BD%D1%8F%D1%82%D0%B8%D1%8F.jpg)
Чунин таҷриба кайҳост, ки дар саросари Русия роиҷ шудааст. Масалан, дар Екатеринбург барои кӯдакони муҳоҷирон маҳфиле бо номи «Хочу знать русский» (Забони русиро донистан мехоҳам) амал мекунад. Муассиси он Глеб Дагаев, омӯзгор бо собиқаи кории 25-сола аст. Дар Новосибирск ва Челябинск маҳфилҳои кӯдаконаи «Каритас», дар Иркутск – «Хочу все знать» (Ҳама чизро донистан мехоҳам), дар Красноярск – «Мой русский язык» (Забони русии ман) низ фаъолият доранд. Дар шаҳри Маскав шумори онҳо шояд аз ҳама зиёдтар бошад – Кӯдакистони ҳамгиройии «СаВа», Мактаби рӯзи истироҳат барои кӯдакони синфҳои 6-9 бо номи «Одинаково разные» (Гуногунии ҳамсон), маркази мутобиқшапвии кӯдакони гурезагон «Такие же дети» (Ҳамин гуна кӯдакон) ва ғайра.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/248116/%D0%94%D0%B5%D1%82%D0%B8%20%D0%BF%D0%B5%D1%82%D0%B5%D1%80%D0%B1%D1%83%D1%80%D0%B3%D0%B0%20%283%29.jpg)
Ҳамаи корҳои тадорукотиву омӯзиши ин ташкилотҳоро ихтиёриён ва шарикони ёвар бар дӯш доранд. Талабот ба онҳо бошад, хеле зиёд аст, зеро раванди вуруди гурезагону муҳоҷирон ба Русия ҳарчанд каме коҳиш ёфта бошад ҳам, вале устувор боқӣ мемонад.