Кумитаи байнулмилалии ҳимоя аз журналистон (Committee to Protect Journalists) аз раҳбарияти Тоҷикистон даъват намуд, ки рӯзноманигори мустақил ва капитани дастаи КВН Тоҷикистон Хайрруло Мирсаидовро аз ҳабс озод кунад. Дар ин хусус санаи 14 декабр дар сомонаи расмии Кумита муроҷиати дахлдор интишор шуд.
«Дар кишварҳое, ки васоити ахбори умум ва изҳороти интиқодӣ қариб ки вуҷуд надоранд, ба рӯзноманигороне чун Мирсаидов барои фаъолияти муҳимашон бояд миннатпазирӣ кард, на айбдоркуниҳои қалбакӣ», - изҳор доштааст муовини директори иҷроияи CPJ Роберт Махони.
Қаблан Ҳюман Райтс Вотч (HRW) ва Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ, ду созмони ҳомии ҳуқуқи инсон низ аз боздошти Хайрулло Мирсаидов – хабарнигори мустақил ва раҳбари тими ҳозирҷавобон ё КВН-и Тоҷикистон – шадидан нигаронӣ карданд.
Рӯзи 14 декабр як манбаи «Азия-Плюс» дар прокуратура дар мавриди ин масъала изҳор намуд, ки айбнома оид ба дидаву дониста хабари бардурӯғ расонидан маҳз ба сардори Раёсати Кумитаи ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Олим Зоҳидзода дахл дорад.
«Изҳорот дар бораи аз ӯ талаб шудани пораро Мирсаидов исбот карда натавонист, акнун нисбати худи доир ба ин изҳорот парвандаи ҷиноӣ боз шуд», - гуфт ӯ ва аз шарҳи ҷузъиёти дигари айбномаҳои пешниҳодшуда худдорӣ варзид.