Гулгашти “Бродвей”-и пойтахти Ӯзбекистон ҷойи дӯстдоштаи миллионҳо нафар буда, дар ин ҷо бо давраҳои гуногуни таърихи башар вохӯрдан мумкин аст.

Дар ин ҷо метавон зарфи асри XVII, тангаҳои замони Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳамчунин мусаввараҳои ҷолиби рассомони муосири Ӯзбекистонро дарёфт намуд, ки дар асарҳои худ тасвири занони тоҷикро меписанданд.

“Бродвей”-и Тошканд худ аз худ соли 1985 дар кӯчаи Соҳилгоҳ пайдо шуда, ба макони сайругашти дӯстдоштаи аҳолии маҳаллӣ ва меҳмонони шаҳр табдил ёфт.

Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Шарики лоиҳаи «Салом, соседи!» ширкати инноватсионӣ ва пешқадам дар бозори телекоммуникатсионӣ - Tcell мебошад. Ба тарофаҳои нави роуминги ширкат ба Ӯзбекистон, ки наздик ба нархномаҳои дохили кишвар аст,  шумо метавонед  ҳамеша дар алоқа бошед! 

Тсеll низ сарҳадҳоро ба осонӣ мегузарад: ба наздикон паёмак фиристед, суҳбат намоед, бо сурату видеоҳо табъи онҳоро болида созед. Акнун барои ин сим-корти оператори дигар,  ё Wi-Fi лозим нест. Нархи 1 мегабайт интернет дар роуминг аз 5 сомонӣ то 30 дирам арзон карда шудааст!

Бо роуминг аз Тсеll, Ӯзбекистон боз ҳам наздиктар мегардад! Бо маълумоти муфассал дар бораи тарофаҳо бо ворид шудан ба суроғаи зерин шинос шуда метавонед.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.