Тайи ду соли охир дар ҷумҳурӣ ҳодисаҳои дуздӣ ва вайрон кардани таҷҳизоти пойгоҳҳои заминавии ширкатҳои мобилӣ зиёд ба мушоҳида мерасанд. Ширкатҳо зиён дида, сокинони гирду атрофи шаҳрҳо аз алоқаи мобилӣ ва интернет маҳрум мешаванд. Ва баъзан ин оқибатҳои ногувор ба ба бор меоварад.

Барои сокинони Тоҷикистон, бахусус аҳолии мавзеъҳои баландкӯҳ дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ ва интернет дар ҳаёти рӯзмарраашон шароити хубу бароҳат фароҳам меорад.

Аммо солҳои охир дар минтақаҳо ҳодисаҳои дуздӣ ва вайрон кардани таҷҳизоти заминавии пойгоҳҳои заминавӣ зиёд ба мушоҳида мерасад, ки дастрасии аҳолӣ ба алоқаро мушкил мекунад.

Дӯстдорони кондитсионерҳои бепул

Аз баҳори соли равон дуздии кондитсионерҳо аз пойгоҳҳои заминавии ширкатҳои мобилӣ зуд-зуд рух медиҳад. Масалан, аввали моҳи март шахсони номаълум қисмҳои берунии ду кондитсионерро дар мавзеи Анзоби шаҳри Душанбе дуздиданд. Ҳамчунин моҳи март дар деҳаи Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ ва деҳаи Шайнаки Чинорои ҷамоати Ҷӯйбодоми ноҳияи Рӯдакӣ низ ду кондитсионер дуздида шуд.

Моҳи феврали соли гузашта дар шаҳраки Наврӯзи ҷамоати Чузии ноҳияи Шаҳринав шахсони номаълум 800 метр ноқили оптикиро (ОКС 16) бурида, 300 метри онро дуздиданд, ки дар натиҷа сокинони ноҳия як шабонарӯз бе алоқа монданд.

Моҳи марти соли ҷорӣ дар пойгоҳи заминавӣ дар деҳаи “Булбулчашма”-и шаҳри Ҳисор қулфи зарфи сӯзишвории дизелиро шикаста, аз он беш аз 450 литр соляркаро дуздиданд. Дар ҳамин давра дар қишлоқи Ғарми Болои ноҳияи Рашт панелҳои офтобиро шикастанд, ки дар натиҷа таҷҳизоти пойгоҳи заминавӣ бе ғизо монд. Пойгоҳ бо талафот ва бозистии кор фаъолият намуд. Алоқа ба муштариён низ зуд-зуд қатъ мешуд. Ҳамон вақт дар қитъаи Ярхичи-Қалъаи ҷамоати Ҳоит шахсони номаълум қисми берунии кондитсионерро шикастанд.

Тавре аз таҷрибаҳо бармеояд, шахсонеро, ки аз иншооти зербинои операторони алоқа “фоида” гирифтанианд, метавон ба ду гурӯҳ тақсим кард. Гурӯҳи аввал дуздони гузаро мебошанд, ки ба таҷҳизот сарфаҳм намераванд. Онҳо ноқили оптикиро ба умеди дар он дарёфт кардани мис мебуранд ё таҷҳизот: кондитсионер, асбоби захираи энергия (аккумулятор) ва қисмҳои онро медузданд, масалан қисми берунии кондитсионер бо умеди фурӯхтани он.

Гурӯҳи дуюм шахсоне мебошанд, ки аксаран таҷҳизотро медонанд ва ба он сарфаҳм мераванд.

Ба гуфтаи мутахассиси яке аз ширкатҳои мобилӣ, ки аз ифшои ному насабаш худдорӣ варзид, ба ҳар ҳол гурӯҳи аввал зиёдтаранд. Одамон таҷҳизотро медузданд ва баъд намедонанд, ки бо он чӣ кор кунанд, зеро ба ҷуз оператор, он ба касе лозим нест.

Дар ҳамин ҳол, чунин таҷҳизотро ба осонӣ метавон муайян кард. Ба ҳар як таҷҳизот дар анбор операторон рамз – баркод мегузоранд. Аз рӯи ин рамз оператор маълумоти зарурӣ гирифта, муайян мекунад, ки ин таҷҳизот моли ширкати мобилӣ аст ё не. Табиист, ки мақомоти милитсия низ чунин имкон доранд.

"Мегафон Тоҷикистон"

Арзиши гарони дуздӣ

Ин амалҳо аз ҷониби зиёноварон ҳам барои ширкатҳои мобилӣ ва ҳам аҳолӣ, ки пойгоҳи заминавӣ ба онҳо хизматгузорӣ мекунад, оқибатҳои ҷиддӣ доранд, чунин мешуморад коршинос оид ба хизматрасонии техникии яке аз ширкатҳои мобилии ҷумҳурӣ.

- Биёед ҳалқаи оқибатҳои баъди дуздӣ, масалан дуздии кондитсионерро аз пойгоҳи заминавӣ аз назар мегузаронем. Ин ба баландшавии ҳарорат дар дохили пойгоҳи заминавӣ боис гардида, дар навбати худ ба аз кор баромадани таҷҳизоти гарони телекоммуникатсионӣ оварда расонида метавонад. Метавонанд дигар таҷҳизотҳо сӯхта, асбоби захираи энергия (аккумулятор) аз кор барояд. Табиист, ки дар ин ҳолат алоқаи мобилӣ дар гирду атроф бад мешавад, дар ҳамин ҳол кори номуназзами пойгоҳи заминавӣ ба сифат ва суръати алоқаи дигар таҷҳизоти наздик таъсир мерасонад, зеро сарбории таҷҳизоти азкормонда ба дӯши онҳо меафтад, - мегӯяд мутахассис.

Ба гуфтаи ӯ, аз кор баромадани таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ ба он оварда мерасонад, ки пойгоҳи заминавӣ аз кор монда, сокинони ин қаламрав бе алоқа ва дастрасӣ ба интернет мемонанд.

- Барқарор кардани таҷҳизоти дуздидашуда ё вайроншуда зиёни мустақим ба ширкатҳои мобилӣ аст. Вақте ки пойгоҳи заминавӣ аз кор мебарояд, ин фоидаи аздастрафтаи ширкатҳо мебошад. Ин ҳам гапе нест. Дар сурати рух додани ҳодисаҳои нохуш ё ҳолатҳои фавкулода, фавран тамос гирифтан бо ёрии таъҷилии тиббӣ ё хадамоти оташнишонӣ ғайриимкон мегардад. Ин ба талафоти ҷонӣ, аз байн рафтани амвол, масалан ҳангоми сӯхтор боис шуда метавонад. Ҳамаи ин дар натиҷаи дуздидани кондитсионер ба амал омада метавонад, чунин мешуморад коршинос.

"Мегафон Тоҷикистон"

Операторон ин мушкилро чӣ гуна ҳал мекунанд?

Тавре як манбаъ аз ширкати мобилӣ ба мо ҳикоят кард, бидуни истисно ҳамаи ширкатҳои мобилӣ ба ҳодисаҳои дуздӣ дучор мешаванд. Дар ҳамаи ин ҳолатҳо аризаҳо ҳатман ба милитсия равона мешаванд.

Сипас таҳқиқи тӯлонӣ, ҷустуҷӯи дуздон оғоз мегардад. Шояд касеро ҳам дарёбанд. Лекин дар аксари ҳолатҳо дуздон аз ҷавобгарӣ берун мемонанд.

ДАР ҲАМИН ҲОЛ

Ҳуқуқшинос: Осеб расонидан ба амвол ва фурӯши чизи дуздидашуда ҷавобгарии ҷиноӣ дорад

Дар ширкати ҳуқуқшиносии “Ҳимоя” ба мо хабар доданд, ки дӯстдорони фоидаи муфт натанҳо барои дуздӣ, балки барои осеб расонидан ба амволи ширкатҳои мобилӣ ё фурӯхтани таҷҳизоти дуздидашуда низ ҷазо гирифта метавонанд.

Дар моддаи 244 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, барои дуздии амволи бегона ҷазои ҷарима дар ҳаҷми аз панҷсад то ҳазор нишондиҳандаи ҳисоб ё корҳои ислоҳӣ ба муддати то ду сол ё маҳрумият аз озодӣ ба ҳамин муддат пешбинӣ шудааст. Дар ҳолатҳои хатарноки такрорӣ муҳлати маҳрумият аз озодӣ то 12 сол низ шуда метавонад, - хабар доданд аз ширкати “Ҳимоя.

Ба гуфтаи ҳуқуқшиносон, шахсоне, ки ба амволи бегона зарар мерасонанд ё чизи дуздидаро мефурӯшанд, низ ҷазо мегиранд:

- Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр, ки зарари ҷиддӣ расонидааст, бо ҷарима ба андозаи  аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ  ба ҳамин муҳлат сол ҷазо дода мешавад. 

Дар ҳамин ҳол, мутобиқи моддаи 254 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, соҳиб шудан, нигоҳ доштан ё ба соҳибияти каси дигар додани молу мулки қаблан ваъдадоданашудае, ки баръало бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудааст, бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ё  маҳрум  сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат ҷазо дода мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.