Дар рейтинги кишварҳо аз рӯи фароҳам овардани шароити хуб барои зиндагӣ, ки аз ҷониби ширкати байнулмилалии консалтингии Mercer тартиб дода шудааст, пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мақоми 215-умро касб намуд.
Ба шаҳрҳо дар ин раддабандӣ аз рӯи як қатор нишондиҳандаҳо, аз қабили фароҳам сохтани шароит барои таҳсилу кор, дастрасӣ ба нақлиёт, амният, вазъи экологӣ ва ғайра баҳогузорӣ мешавад.
Ҳамсоякишварҳо дар минтақаи Осиёи Маркази низ аз Тоҷикистон дур нарафтаанд: Алмаато зинаи 177-ум, Тошканд – 203, Бишкек – 206 ва шаҳри Ашқобод ҷойи 211-умро ишғол кардаанд.
Шаҳрҳои Русия низ дар садгонаи аввал нестанд. Маскав дар мақоми 167-ум, каме поинтар аз Либревил ва Акккра – пойтахтҳои Габона ва Гана, Санкт-Петербург дар ҷойи 174-ум, паҳлӯи шаҳри Киев, пойтахти Уганда – Кампала ва Албания – Тирана қарор гирифтаанд.
Коршиносон ишора кардаанд, ки чунин зинаҳои пасти ин шаҳрҳо ба сатҳи амнияти онҳо нисбат дода мешавад. Маскав ва Петербург шаҳрҳои аз ҳама номусоиди Аврупо номбар шудаанд.
Зинаи аввали рейтингро бори даҳум пайдарпай Вена ишғол намуда, сатҳи пасти ҷинояткорӣ, тарзҳои гуногуни истироҳату фароғат, мизони баланди рушди зерсохтори нақлиёти пойтахти Австрия зикр шудааст.
Дар зинаи дуюми раддабандӣ шаҳри бузуртарини Швейтсария – Сюрих, зинаи сеюм – Ванкувер, Мюнхен ва Окленд (Зеландияи Нав) ҷойгир шуда, шаҳрҳои Дюсселдорф, Франкфурти лаби Майн, Копенгаген, Женева ва Базел низ ба даҳгонаи аввал шомил гардидаанд.
Дар зинаҳои охири рейтинг шаҳрҳои Банги (Ҷумҳурии Африқои Марказӣ) ва Бағдод (231-ум) қарор доранд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.