Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи сесолаи чорабиниҳоро оид ба амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон то давраи соли 2030 маъқул шуморид.

Ба сохторҳои марбутаи давлатӣ дастур дода шудааст, ки дар доираи воситаҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва грантҳо оид ба иҷрои бандҳои нақшаи дар боло зикршуда чораҷӯӣ намоянд, қайд мешавад дар қарор.

Дар нақша баргузории зиёда аз 70 чорабиниҳо пешбинӣ шудааст, ки бояд дар давраи солҳои 2019-2022 сурат гиранд.

Дар он аз ҷумла, такмили заминаи ҳуқуқии бахши сайёҳӣ, содда кардани дастрасӣ ба раводид (виза)-и кишвар, беҳбуди сатҳ ва сифати қабулу гусели сайёҳон, содда гардонидани расмиёти гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти сайёҳӣ дар назар дошта шудааст.

Барои таваҷҷуҳи бештари бахши хусусӣ ба ин соҳа баҳри роҳандозии фаъолияти сайёҳӣ ҷорӣ кардани имтиёзҳо дар пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, дар нақшаи чорабинҳо таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ, беҳбуди шароитҳои зербинои сайёҳӣ, аз ҷумла, тавассути сохтмони меҳмонхонаҳои нав ва минтақаҳои истироҳат, инъикос ва таблиғи густардаи имконоти сайёҳӣ ва афзоиши таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар, баргузор намудани таҳқиқоти соҳавӣ барои ошкор ва бартараф кардани камбудиҳо зикр шудааст.

Ҳамчунин баргузор кардани чорабиниҳо дар мавриди ошкор кардани тамға (бренд)-и сайёҳии Тоҷикистон ва пешниҳоду муаррифии он дар сатҳи ҷаҳонӣ, ташкили давраҳои омӯзишӣ оид ба тайёр кардани роҳбаладон, кормандони осорхонаҳо ва ғайра низ дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки солҳои 2019-2021 дар Тоҷикистон “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Тоҷикистон эълон шудааст.

Бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноке шуморида мешавад, ояндаи онро хуб арзёбӣ мекунанд.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ, соли гузашта 1 млн. 155 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид намудаанд, ки нисбат ба соли 2017 - 2,6 баробар бештар аст.

Боҷи 1 долларӣ

Танҳо давоми се моҳи соли равон беш аз 215 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон омадаанд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода чанде қабл хабар дода буд, ки мавсими сайёҳӣ дар Тоҷикистон моҳи май оғоз гардида, минбаъд шумори сайёҳони хориҷӣ тадриҷан меафзояд.

Дар мавриди таъсири аз ҷониби Тоҷикистон барои сайёҳон ҷорӣ гардидани боҷи сайёҳӣ ба шумори онҳо, роҳбари Кумита изҳор дошт, ки маблағи пардохти начандон баланд - ҳамагӣ 1 доллар аст.

“Мо дар ҳамдастӣ бо Вазорати молия таҳлил гузаронида ба хулоса расидем, ки боҷ барои сайёҳон набояд сарбории зиёд орад, зеро аз 1 доллари ИМА зиёд нест”, - иброз дошт Абдуғаффорзода.

Роҳбари Кумита илова намуд, ки воситаҳои аз ҳисоби боҷ ҷамъоваришуда ба рушди зербинои сайёҳии кишвар равона мегарданд.

Охири моҳи апрел палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ворид намудани тағйироту иловаҳои дахлдорро дар ин хусус, аз ҷумла ҷорӣ гардидани боҷ барои сайёҳонро ба қонун “Дар бораи дигар пардохтҳо ҳатмӣ” маъқул шуморид.

Мувофиқи тағйироту иловаҳо, аз шаҳрвандони хориҷие, ки бо мақсади сайру саёҳат ба Тоҷикистон меоянд, боҷи давлатӣ ситонида мешавад. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тавассути ширкатҳои сайёҳӣ ба тамошои кишварҳои дигар мераванд, ҳамчунин тоҷикистониёне, ки ба адои маросими ҳаҷ мераванд, низ боҷ пардохт мекунанд.

Сайёҳони хориҷии ба Тоҷикистон воридшуда ва шаҳрвандони кишвар, ки тавассути ширкатҳои сайёҳӣ сафар мекунанд, бояд барои ҳар як шабонарӯз 1 доллар боҷ пардохт кунанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба адои маросими ҳаҷ мераванд, ба сифати боҷи давлатӣ 50 доллар маблағи иловагӣ пардохт мекунанд.

Аз пардохти чунин боҷ собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни рафъи оқибатҳои садама дар нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил, маъбони гурӯҳҳои якуму дуюм, кӯдакони синни то 16-сола ва дипломатҳо озод карда мешаванд.

Айни замон дар бозори сайёҳии Тоҷикистон беш аз 145 ширкатҳои сайёҳӣ фаъолият доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.