Ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дастур дода шудааст, ки дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ шаклҳои навоварона (инноватсионӣ)-и баҳогузорӣ ҷорӣ карда шавад.

Раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо ҳисоботи вазири маориф ва илм дар бораи рафти татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф дар Тоҷикистон то соли 2020 дастур дод, ки бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ дар муассисаҳои маълумоти умумӣ шаклҳои навоваронаи баҳогузорӣ роҳандозӣ шавад.

Ҳамчунин дар қарори ҳукумат ҷиҳати баланд бардоштани сифати маълумот бо ҷорӣ сохтани тарзҳои салоҳиятноки таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсил дастуру супоришҳо дода шудааст.

Ба ҷуз ин, Вазорати маориф бояд барои таъмини муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ бо мутахассисони ҳирфаӣ ва китобҳои дарсӣ тадбирҳо андешад.

Боз дастур дода шудааст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ маблағгузории сарикасӣ ҷорӣ шавад.

Илова бар ин, дар қарор зикр мешавад, ки муайян кардани рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо истифода аз нишондиҳандаҳои рейтинги донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон роҳандозӣ гардад.

Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар тадриҷан ба меъёрҳои ҷаҳонии таълим мутобиқ гардонида шавад.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон низоми 5-баллии баҳогузорӣ амал мекунад: “1” – бад; “2” – миёна; “3” – қаноатбахш; “4” – хуб ва “5” – аъло.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.