Олмон тариқи Бонки рушди Олмон (KfW) ба Тоҷикистон барои харидории воситаҳои муҳофизати шахсӣ, таҷҳиҳоти тиббӣ ва маблағгузорӣ ба омӯзиш барои мубориза бо паҳншавии коронавируси нав 1 млн евро ҷудо кард.
Сафири Олмон Андреас Протманн зимни вохӯрӣ бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода қарори ҳукумати Олмонро дар бораи ба Тоҷикистон ҷудо кардани маблағи 1 млн евро барои таъмини эҳтиёҷи кишвар дар мубориза бо коронавируси нав супурд.
Дар заминаи дархости Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва дар ҳамоҳангсозӣ бо намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо ин маблағ харидории воситаҳои инфиродии муҳофизат, таҷҳизоти тиббӣ ва маблағгузорӣ ба омӯзиши кормандони тиббӣ ҷиҳати истифодаи таҷҳизот пешбинӣ шудааст. Барои суръат бахшидан ба ҷараёни маблағгузорӣ пул дар доираи лоиҳаи ҷорӣ оид ба ҳифзи солимии модарону кӯдакон дар Тоҷикистон, марҳилаи 5-ум ҷудо карда шуд.
KfW бо супориши Ҳукумати Федералии Олмон аз соли 2002 дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Дар соҳаи тандурустӣ KfW дар ҳамдастӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ лоиҳаҳоро дар самти ҳифзи солимии модарону кӯдакон, ёрии таъҷилии тиббӣ ва мубориза бо бемории сил амалӣ месозад. Ҳаҷми умумии маблағҳое, ки бо ин мақсад аз соли 2002 ҷудо мешавад, 93 млн евро мебошад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.