Беш аз 15 корхонаи Тоҷикистон ба истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ва дигар намудҳои либосу ашёи муҳофизатӣ шурӯъ кардаанд. 

Бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус аз ҷониби корхонаҳои дӯзандагии мамлакат, аз қабили ҶДММ «Сифат Саноат», ҶСК «Гулистони Душанбе», ҶДММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик», ҶДММ «Тоҷтекс», ҶДММ «Ноҳид», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд», ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶДММ «САТН», ҶДММ «Фарм Суғд», КВД «Нури Ховар», ҶДММ «Кооператор», ҶДММ «Фармтекс», ҶДММ «КоТа Глобал» ва дигарон истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ба роҳ монда шудааст.

Бино ба иттилои Вазорати саноати Тоҷикистон, иқтидори истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ дар корхонаҳои мазкур дар як рӯз зиёда аз 150 ҳазор донаро ташкил дода, тибқи таҳлилҳо ҳамарӯза дар ҳудуди 45 – 50 ҳазор дона истеҳсол ва ба фурӯш бароварда мешаванд.

Ғайр аз ин, дар баробари истеҳсоли дигар намуди маҳсулоти дӯзандагӣ дар ҶДММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» истеҳсоли рахти хоб, ҷойпӯшҳо ва либосҳои беморхонагӣ аз матои пахтагин, дар ҶСК «Гулистони Душанбе» хилъатҳои махсуси муҳофизатии тиббӣ, дар ҶДММ «Сифат Саноат» хилъатҳои тиббӣ ва дар ҶДММ «Фармтекс» истеҳсоли маҳсулоти косметологӣ, истифодаи гигиенаи шахсӣ ва докаи тиббӣ дар асоси фармоиши мизоҷон ба роҳ монда шудааст, ки ба таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии кишвар мусоидат мекунад.

Гуфта мешавад, ҶДММ “Фармтекс” маҳсулоти косметикӣ, нигоҳубини шахсӣ ва докаҳои тиббиро дар асоси фармоиш истеҳсол мекунад, ки ба таъмини амнияти санитарӣ ва эпидемиологии аҳолии кишвар мусоидат мекунад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз, 2-юми апрел дар Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.