Хайрулло Саидов, писари собиқ вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов, ки дар зиндони шаҳри Ваҳдат адои ҷазо мекунад, ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки падараш бемор шуда, аломатҳои ба коронавирус монандро дорад. Ғайр аз ин, бемории захми меъдаи падараш низ хуруҷ кардааст.

Дар муроҷиати саҳифаи фейсбукии худ Хайрулло Саидов аз ҳукуматдорони Тоҷикистон дархост кардааст, “зиндониёни аз шастсола боло, ки барои ҷомеа ҳеч хатаре надоранд, озод карда шаванд, чуноне ки бархе аз кишварҳо ин корро амалӣ карданд”.

Зайд Саидов айни замон 62-сола аст.

Дар бораи ба беморӣ гирифтор шудани маҳбусон дар муассисаи ислоҳии Ваҳдат “Азия-Плюс” қаблан ҳам хабар дода буд.

Охири моҳи апрел беш аз 20 нафар маҳбусон ба қисми тиббии ин муассиса бо таби баланд бистарӣ шуданд. Зимни муоина маълум шуд, ки сабаби баланд шудани таб дарди гулӯ будааст.

“Ин маҳбусон рӯзадор буда, ҳангоми ифтор оби хунук нӯшиданд ва пас аз он ба ин беморӣ гирифтор шудаанд”, - иброз дошта буд ба “Азия-Плюс” сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Мансурҷон Умаров.

Ёдрас мекунем, ки собиқ вазири саноати Тоҷикистон, соҳибкор Зайд Саидов 19-уми майи соли 2013 дар фурудгоҳи Душанбе пас аз бозгашт аз шаҳри Порис боздошт шуд. Ин амал баъди аз ҷониби ӯ эълон кардани нияти таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» сурат пазируфт. Корхонаҳое, ки пурра ё қисман ба ӯ тааллуқ доштанд, мусодира  ва миллӣ карда шуданд.

Охири моҳи декабри ҳамон сол ӯ ба ҷурми қаллобӣ, порагирӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ, ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ ба 26 соли зиндон маҳкум шуд.

Моҳи августи соли 2015 Суди олии Тоҷикистон барои сохтакории ҳуҷҷатҳо дар сохтмони бинои маҷмааи “Душанбе Плаза” ва ғайриқонунӣ хусусигардонии иттиҳодияи “Тоҷикатлас” замони вазири саноат буданаш муҳлати ҷазои ӯро то 29 сол дароз кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.