Бо қарори шаҳрдории Душанбе муҳлати қатъи фаъолияти бозорҳои фурӯши либоси пойтахт то 31-уми май тамдид шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, ин қарор бо мақсади ҳифзи тандурустии сокинони пойтахт аз бемории сироятии коронавирус (COVID-19) қабул шудааст.

Гуфта мешавад, сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ вазифадор шудаанд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарони ҳамаи бозорҳои фурӯши либоса дар ин муддат корҳои безараргардонӣ ва дезинфексиониро мунтазам амалӣ кунанд.

Ёдовар мешавем, ки бозорҳои либосфурӯшии пойтахт нахуст аз 30-юми апрел то 10-уми май баста шуда, акнун муҳлати он то охири моҳи ҷорӣ дароз карда шуд.

Ёдрас мекунем, ки феълан меҳмонхонаву қаҳвахона ва тарабхонаҳои шаҳри Душанбе фаъолияти худро қатъ карда, кормандонашон ба рухсатии бемуҳлат фиристода мешаванд.

То бегоҳи 7-уми май дар Тоҷикистон 461 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ва 12 ҳолати марг аз ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.