Ваколатдори ҳуқуқи башари Русия Татяна Москалкова пешниҳод кард, ки ба хориҷиёне, ки бар асари пандемия қаламрави Русияро тарк карда натавонистанд, бидуни анҷоми расмиёти дарёфти иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) дарҳол иҷозаи зисти муваққатӣ (ВНЖ) дода шавад, хабар медиҳад ТАСС.

“Пешниҳод дорам, ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки бо асосҳои қонунӣ ба Русия омадаву бо сабаби пандемия онро тарк карда натавонистанд ва дар қаламрави Русия амалан беш аз як сол ҳузур доштанд, бе расмиёти дарёфти Иҷозаи зисти муваққатӣ якбора Ҳуҷҷати иҷозаи зист дода шавад”, -  гуфтааст вай рӯзи душанбе ба рӯзноманигорон.

Татяна Москалкова
Сурат: РИА Новости

Ӯ ҳамчунин гуфтааст, аз таҳияи лоиҳаи қонун, ки ба хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ ҷиҳати қонунӣ гардонидани ҳузури худ дар кишвар бо вуҷуди ҷой доштани баъзе қонуншиканиҳои ночиз имкон медиҳад, ҷонибдорӣ мекунад.

“Ташаббуси Владимир Колоколтсев (вазири корҳои дохилӣ)-ро оид ба қонунӣ гардонидани ҳузури муҳоҷирон, ки ба ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо ҷиҳати идомаи ҳузури қонунии худ, гирифтани патент <...> саривақт дарёфт кардани Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ воқеъан имкон надоштанд, дастгирӣ мекунам”, - гуфтааст ӯ.

Қаблан зикр гардида буд, ки ВКД Русия лоиҳаи қонунеро таҳия карда истодааст, ки ба хориҷиён ва шаҳрвандони хориҷӣ ҷиҳати қонунӣ гардонидани ҳузури худ сарфи назар аз ҷой доштани баъзе қонуншиканиҳои ночиз, имкон медиҳад. Таҳия лоиҳаи қонун дар доираи кори бузургмиқёс оид ба ислоҳоти қонунгузорӣ дар бахши муҳоҷирати Русия мутобиқи татбиқи Консепсияи давлатии сиёсати муҳоҷират амалӣ мешавад. Консепсияи лоиҳаи қонун аз ҷониби ҳукумат маъқул дониста шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.