Ба ҳолати 1 апрели соли 2021 шумори умумии нафақахӯрон дар Тоҷикистон зиёда аз 715,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ.

Шумори нафақахӯрон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2020 ба андозаи 3,3% ё худ зиёда аз 22,9 ҳазор нафар зиёд шуд.

Гуфта мешавад, ҳаҷми нафақаи миёна дар кишвар ба 1 апрели соли ҷорӣ 320 сомонӣ ($28)-ро ташкил дод, ки 18,32 сомонӣ ё худ 6,1% нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёдтар аст.

Аз ҳисоби андози иҷтимоӣ семоҳаи аввали ҳамин сол ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 825,4 млн сомонӣ ($73 млн) пардохт шудааст, ки нисбат ба се моҳи соли гузашта 138,2 млн сомонӣ ($12,2 млн) ё худ 20,1% бештар мебошад.

Меъёри стандартии андози иҷтимоӣ барои суғуртакунандагон (корфармоҳо) айни замон 25%, барои шахсони суғурташаванда (кормандон) - 1%-ро ташкил медиҳад.

Дар лоиҳаи Кодекси нави андоз, ки қабулаш давоми соли ҷорӣ дар назар аст, пешниҳод мешавад, ки меъёри андози иҷтимоӣ барои суғуртакунандагони ташкилотҳои буҷетӣ бетағйир (25%) боқӣ гузошта шуда, барои дигар ташкилотҳо - то 20% поин бурда шавад.

Дар назар аст, ки барои шахсони суғурташудаи ташкилотҳои буҷетӣ меъёр дар сатҳи ҳозира (1%) боқӣ монда, барои дигар ташкилоҳо - то 2% боло меравад.

Шумори шахсони машғули кор дар ҷумҳурӣ ҳудуди 2,5 млн нафарро ташкил медиҳад. Ин маънои онро дорад, ки ба ҳар як нафақахӯр дар ҷумҳурӣ қариб 3,5 нафар шахси коргар рост меояд, ки нишондиҳандаи начандон бад аст.

Барои муқоиса, дар Русия ба ҳар як нафахӯри ин кишвар тақрибан 2 шаххси коркунанда рост меояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.