Дар давраи рӯзҳои аз 6 то 10 июл дар ҷумҳурӣ бинобар ворид шудани ҳавои хушку гарм аз минтақаҳои ҷанубу ғарб эҳтимолияти баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, дар минтақаҳои дар водӣ қарордошта 39+44 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 45+48 дараҷа гарм мешавад.

Гуфта мешавад, дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 32+37 дараҷа гарм мешавад.

Дар ин давра бо сабаби болоравии ҳарорати ҳаво баландшавии сатҳи оби ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон аз эҳтимол дур нест.

Зикр мегардад, ки дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ эҳтимолияти сар задани селҳои пиряхӣ пешгӯӣ мешавад.

Ду рӯзи наздик дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар буда, баъзан вазиши шамол босуръат мешавад.

Қаблан Агентии обуҳавошиносӣ хабар дода буд, ки шурӯъ аз рӯзи душанбе ҳарорат як-ду дараҷа боло меравад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дода буд, ки то 6 июл бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво, дар як қатор ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва дар қисми ғарбии ВМКБ фаромадани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест.

Дар робита ба ин, Кумита аз аҳолӣ даъват мекунад, ки ҳама чораҳои эҳтиётиро риоя кунанд, селпартовҳо ва заҳбурҳоро аз партовҳо тоза кунанд, то ҳадди имкон аз ҷамъоварии ҳезум, баромадан ба шикор, чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.

Ронандагон ҳангоми ҳаракат тариқи ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ, махсусан дар дар қитъаҳои ба хавфнок бояд фосилаи муқарраршудаи ҳаракат дар байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.