Пас аз дар Русия эълон шудани қисман сафарбарии ҳайати захираҳои ҳарбӣ ба артиш аз 21 сентябр нархи билети ҳавопаймо аз Русия ба дигар кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон бамаротиб боло рафт.

Илова бар ин, чун аксарияти русиягиҳо Тоҷикистонро ба сифати як “кишвари транзитӣ” барои парвоз ба дигар давлатҳо интихоб кардаанд, нархи билетҳои ҳавопаймо аз Душанбе ба дигар кишварҳо низ ба таври назаррас боло рафта, барои як ҳафтаи оянда ба баъзе самтҳои серталаби байнулмилалӣ билет ёфтан ғайриимкон аст.

Билетҳои парвоз аз Душанбе ба Истанбулу Дубай, Мюнхену Тошканд ва Алмато қариб дигар боқӣ намонданд.

Душанбе – Тошканд: хатсайри Uzbekistan airways - то 12 октябр ҳамаи билетҳо фурӯхта шудааст. Ҳамагӣ 8 ҷойи холӣ боқӣ мондааст: ҷой бо бағоч 104 доллар, бе бағоч - 97 доллар ва бизнесс-клаас - 245 доллар нарх доранд.

Нархи билет ба хатсайри ояндаи рӯзи 15 октябр дар эконом-класс 92 доллар ва дар бизнес-класс - 247 долларро ташкил медиҳад.

Ба Тошканд бо хатсайри "Somon Air" ҳам бо нархи 75 евро парвоз кардан мумкин аст, лекин то 14 октябр билетҳо фурӯхта шудаанд.

Душанбе – Истанбул: хатсайри Turkish Airlines - то 11 октябр ҳамаи билетҳо ба эконом-класс фурӯхта шудааст. Билет ба бизнес-класси хатсайри рӯзи 10 октябр 2342 доллар ва хатсайри рӯзи 11 октябр - 2067 доллар нарх дорад.

Билетҳои ширкати "Somon Air" ба Истанбулро танҳо аз 16 октябр бо нархи 450 евро дастрас кардан мумкин аст.  

Душанбе – Алмато: хатсайри Air Astana – то 14 октябр билетҳо фурӯхта шудаанд. То ин рӯз билет ба эконом-класс 261 доллар ва бизнес-класс - 289 доллар нарх дошт.

Имрӯз барои рӯзи 19 октябр билет харидан мумкин аст - ба эконом-класс 168 доллар ва ба бизнес-класс - 197 доллар.

То 12 октябр дар "Somon Air" ҳам ба самти Алмато билет нест. Барои рӯзи 12 октябр билет 307 евро нарх дорад.  

Душанбе – Дубай: хатсайри Fly Dubai   - то 10 октябр билетҳо фурӯхта шудаанд. Барои рӯзҳои 10 ва 12 октябр билетҳо ба бизнес-класс мутаносибан 1693 ва 1368 доллар нарх доранд.

Дар "Somon Air" ҳам ба ин самт то 11 октябр билет нест. Билет ба хатсайри рӯзҳои 11 ва 15 октябр 596 евро нарх дорад.

Душанбе – Мюнхен: хатсайри Somon Air - то 10 октябр билет нест. Билети эконом-класс  ба хатсайри наздиктарин 427 евро ва дар рӯзи 18 октябр - 366 евро нарх дорад.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи “Медуза” дар бораи шумори шаҳрвнадони Русия, ки айни замон ба кишварҳои ҳамсоя рафтааанд, маълумот медиҳад.


Дар бораи чӣ қадар ба Тоҷикистон омадани онҳо маълумот дастрас нест - хадамоти марзбонии кишвар ба мо дар ин хусус маълумоти мушаххас надод.

Аммо бе ин маълумот ҳам аён аст, ки бисёре аз шаҳрвандони Русия ба кишвари мо омадаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.