Паҳнои шабакаи интернет беохир бузург ва пур аз маълумоти даркорӣ барои инсон аст. Зимни ҷустуҷӯи маълумот ё қонеъ кардани манфиатҳои худ дар шабака саргардон шуда, шумо метавонед ба сомона ва саҳифаҳои созмон ва гурӯҳҳои ҷиноии фаъолияташон мамнӯъ ва ҷинояткор эътирофшуда дар кишвари истиқомати худ ворид шавед.
Ҳатто агар инро надониставу бе ягон мақсаде анҷом диҳед ҳам. Аммо чуноне ки мегӯянд, надонистани қонун аз масъулият озод намекунад. Аз ин рӯ, ҳушёру огаҳ будан аз манфиат холӣ нест.
Соли 2016 ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон мафҳуми “сафедкунии оммавии ифротгароӣ (экстремизм) ва терроризм, аз ҷумла тавассути Интернет” ворид гардид, ки лайк гузоштан ба ин гуна матлабҳо бисёр вақт ба сафедкунии оммавии ифротгароӣ ва таблиғи афкори он баробар дониста мешавад.
Мувофиқи моддаи 179 (3) Кодекси ҷиноятӣ, барои чунин амалҳо ба муҳлати аз 10 то 15 сол ҷаазои маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.
Аз ин рӯ, мо рӯйхати созмону ҳаракатҳои фаъолияташон манъшуда дар Тоҷикистонро, ки барои боздид аз онҳо шумо метавонед ба ҷавобгарӣ ҷалб шавед, хотиррасон мекунем.
Инҳо кадом созмону гурӯҳҳоянд?
Номгӯи созмону гурӯҳҳое, ки аз ҷониби Суди олии Тоҷикистон террористӣ ё ифротгаро эътироф гардида, фаъолияташон дар қаламрави кишвар манъ шудааст (бо зикри вақти қабули қарор аз ҷониби судҳо). Онҳо дар қаламрави дигар давлатҳо ба фаъолияти ифротгарӣ ва террористӣ машғуланд.
Рӯйхат дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон оварда мешавад:
1. «Ал-Қоида» - созмони террористӣ ва ифротгаро эътирофшуда (қарори Суди олии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).
2. «Ҳаракати исломии “Туркистони Шарқӣ” - (қарори Суди олии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).
3. «Ҳизби исломии Туркистон (собиқ “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”) - (қарори Суди олии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).
4. «Ҳаракати “Толибон” – (қарори Суди олии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).
5. «Бародарони мусалмон» (Ихвон-ул-Муслимин) - қарори Суди олии Тоҷикиситон аз 30 марти соли 2006.
6. «Лашкари Тайиба» - (қарори Суди олии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).
7. «Гурӯҳи исломӣ» («Ҷамъияти исломии Покистон») - (қарори Суди олии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).
8. «Ҷамъияти Таблиғ» - (қарори Суди олии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).
9. «Созмони таблиғот» («Даъват ба ислом») - (қарори Суди олии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).
10. «Тоҷикистони озод» – (қарори Суди олии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).
11. «Ҳизб-ут-Таҳрир» - (қарори Суди олии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2008).
12. «Ҷамоати Ансоруллоҳ» - (қарори Суди олии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2012).
13. «Салафия» – қарорҳои Суди олии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2009 ва 8 декабри соли 2014).
14. «Гурӯҳи 24» - (қарори Суди олии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2014).
15. «Давлати исломии Ироқ ва Шом (ДОИШ), “Давлати исломӣ”) - (қарори Суди олии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2015).
16. «Ҷабҳат-ан-Нусра» - (қарори Суди олии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2015).
17. «Ҳизби наҳзати исломӣ» - (қарори Суди олии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015).
18. «Паймони миллии Тоҷикистон» - (қарори Суди олии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019).
Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон рӯйхати расмии шахсони воқеӣ мавҷуд аст, ки бо терроризм алоқадошта дониста мешаванд. Дар ин рӯйхати 2 ҳазору 417 нафар зикр шудаанд.
Агар шумо дӯстоне доред, ки дар Тоҷикистон ифротгаро ё террорист эътироф шудаанд. Барои ин шуморо ба ҷавобгарӣ ҷалб карда метавонанд? Дар ин матлаби мо ба саволҳоятон дар ин бора посух пайдо карда метавонед.