Портали ТурСтат радабандии баландтарин арчаҳои солинавиро дар соли равон дар пойтахтҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод кард.

Арчаи асосии солинавии Тоҷикистон, ки дар майдони “Истиқлол”-и пойтахт гузошта шудааст, дар 10-гонаи ин радабандӣ зинаи 5-умро ишғол мекунад.

Арчаи солинавии имсола 30 метр баландӣ дошта, масоҳаташ қариб 17 метрро ташкил медиҳад. Дар майдон инчунин нуқтаҳои фурӯш боз шудааст, ки аз онҳо метавон хӯроку нӯшокӣ ва туҳфаҳои солинавӣ харид.

Ба 5-гонаи аввали радабандӣ арчаҳои солинавии Ашқобод (37 метр), Тошканд (35 метр) ва Боку (34 метр) шомиланд.

Арчаи асосии солинавии Туркманистон, ки дар радабандӣ зинаи 1-умро ишғол мекунад, рӯзи 15 декабр дар маркази фарҳангӣ-фароғатии “Олам” (Алем) дар Ашқобод гузошта шудааст.

Арчаи солинавии Арманистон дар майдони Ҷумҳурӣ дар Ереван қомат афрохт. Чароғакҳои он рӯзи 5 декабр зимни Маросими ифтитоҳи Junior Eurovision Song Contest 2022 фурӯзон шуданд.

Арчаи асосии солинавии Ӯзбекистон дар маҷмааи “Истиқлол” дар боғи “Янги Ӯзбекистон” дар шаҳри Тошканд гузошта шудааст.

Арчаи солинавии Русия бо баландии 27 метр дар майдони Соборнаяи Кремл дар шаҳри Маскав қомат афрохт.

Қобили зикр аст, ки радабандӣ аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқоти арчаҳои солинавии кишварҳои узви ИДМ тартиб дода шудааст.

Арчаҳои солинавии Беларус - Минск (27 метр), Қазоқистон - Остона (25 метр), Қирғизистон - Бишкек (25 метр) ва Молдова - Кишинёв (20 метр) низ ба 10-гонаи радабандӣ дохил шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.