Дар соли 2022 ҳудуди 1 млн нафар сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид намудаанд, ки 3,4 баробар зиёдтар нисбат ба нишондиҳандаи соли 2021 аст, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти кишвар.

Қобили зикр аст, ки ду соли пешин бар асари маҳдудиятҳои глобалии марбут ба пандемияи COVID-19, теъдоди сайёҳони аз Тоҷикистон боздиднамуда 4,4 баробар - аз ҳудуди 1,3 млн нафар дар соли 2019 то ба 296 ҳазор нафар дар соли 2021 кам шуда буд.

Теъдоди шаҳрвандони хориҷие, ки соли гузашта ба Тоҷикистон бо ҳама гуна ҳадаф (сафари корӣ, истироҳат ва ғайра) омадаанд, ҳудуди 1,2 млн нафарро ташкил дод, ки 2,2 баробар зиёдтар нисбат ба соли 2021 мебошад.

Ҳудуди 97%-и хориҷиён аз ду кишвар - Ӯзбекистон (778 ҳазор нафар) ва Русия (280 ҳазор нафар) ба Тоҷикистон ворид шудаанд.

Ҳамчунин вуруди нисбатан бештари хориҷиён ба Тоҷикистон аз Қазоқистон (25 ҳазор нафар), Туркия (7,3 ҳазор), ИМА (6,9 ҳазор), Эрон (4,3 ҳазор), Чин (5,4 ҳазор), Қирғизистон (3,8 ҳазор), Ҳиндустон (3,4 ҳазор) ва Афғонистон (3,3 ҳазор нафар) ба қайд гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соли гузашта аз ҷумҳурӣ хориҷ шудаанд, зиёда аз 2,6 млн нафарро ташкил додааст, ки 2,1 баробар зиёдтар нисбат ба соли 2021 мебошад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти кишвар, дар ҷумҳурӣ 235 ширкати сайёҳӣ фаъолият кардаанд.

Дар ҷумҳурӣ 183 меҳмонхона, аз ҷумла 6-то панҷситорадор, 20-то чорситорадор, 16-то сеситорадор, 3-то дуситорадор, инчунин 2 меҳмонхонаи дараҷаи аввал ва 136 меҳмонхона бедараҷа фаъолият доштанд.

Ҳамчунин дар кишвар 29 хостелу мотел (ҷойи хоб ва меҳмонхонаҳои хурд), 51 осоишгоҳ, 7 маркази фароғату солимгардонӣ, 5 хонаи истироҳат, 1 кемпинг ва 4 пойгоҳ (база)-и сайёҳӣ амал мекунанд.

Қобили зикр аст, ки мутахассисон сайёҳиро дар баробари соҳаҳои саноати маъдани кӯҳӣ ва гидроэнергетика яке аз бахшҳое медонанд, ки дар оянда баҳри рушди иқтисоди Тоҷикистон мусоидати зиёд карда метавонад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.