Муштариёни ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, ки рақами телефонашонро дубора бо ID-шиносномаҳо ба қайд нагузоштаанд, аз қатъи алоқаи симкортҳо шикоят мекунанд. Мо талош варзидем бифаҳмем, ки чаро ширкатҳо чунин рафтор мекунанд, сарфи назар аз он, ки ҳукумат муҳлати сабти дубораи симкортҳоро то соли 2024 дароз кард.

Дар ширкатҳои мобилӣ дар ин бора суҳбат карданро он қадр хуш надоранд ва қатъи алоқаи симкортҳоро гуногун шарҳ медиҳанд.

Дар ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба дархости «Азия-Плюс» посух доданд, ки онҳо ҳанӯз то ба охир расидани мӯҳлати пешина (15 феврали соли 2023) муштариёни симкортҳои дубора сабтнашударо қатъ намуда, рақамро нигоҳ медоранд, то ки мардум тавонанд дубора бо шиносномаи нав рақамро ба қайд гузоранд.

“Рақамҳо то дубора аз қайд гузаштан нигоҳ дошта шуда, хидматрасониҳои мобилии ширкатҳо ба онҳо дастнорас мешаванд”, - гуфтанд дар Мегафон.

Дар ширкати мобилӣ зикр карданд, ки фармоиши ҳукумат дар бораи тамдиди муҳлат, пеш аз ҳама маънои онро дорад, ки рақамҳои қатъшудаи муштариён то дубора бақайдгузории онҳо нигоҳ дошта мешавад.

Мувофиқи қарори ҳукумат "Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он" (аз 30 апрели соли 2016), ки аз 15 феврали соли 2019 мавриди амал қарор гирифт, ба сабти дубораи симкортҳо бо ID-шиносномаи намунаи соли 2014 зарурат пеш омад. Вале бо сабаби он, ки на ҳамаи мушитариён ба саривақт анҷом додани ин кор фурсат пайдо карданд, ба ҳукумат лозим омад, ки ин муҳлатро чанд маротиба дароз кунад ва ахиран он то 15 феврали соли 2024 муқаррар шуд.

Дар ширкати мобилии «О-Mobile» низ чунин амал карда, то муҳлати пешин муқарраршуда ҳамаи симкортҳои бо шиносномаи намунаи кӯҳна сабтшударо қатъ кардаанд.

“Ба ҳамаи муштариёни рақамҳояшон бо шиносномаи кӯҳна сабтшуда паёмак (смс) фиристода шуда, дар шабакаҳои иҷтимоии мо бо нашри маълумот дар ин бора огоҳ карда шуданд. Аз муштариёни худ дархост мекунем, ки то анҷоми муҳлати нав рақамҳоро ба қайд гузошта, аз рақамҳои барояшон нигоҳдошта истифода баранд”, - зикр карданд дар “О-Mobile”.

Карикатураи Екатерина Мартинович

Тибқи маълуомти ахири Хадамоти алоқа, теъдоди мушатриёни дубора бо шиносномаи нав худро сабтнакарда 2 млн нафарро ташкил медиҳад, ки 880 ҳазор нафари онҳо муштариёни фаъол мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, дар ширкати мобилии Tcell тасмим гирифтаанд, ки ҳалли масъаларо каме дигар ба роҳ монанд. Онҳо алоқаи муштариёни аз қайди дубора нагузаштаро қатъ накарда, тариқи ирсоли огаҳии овозӣ ҳангоми зангзанӣ зарурати сабти дубораро хотиррасон менамоянд.

“Ба корбар лозим меояд, ки огаҳии овозиро то охир гӯш кунад ва танҳо баъди он ба зангҳо барои алоқа бо телефон имкон пайдо мешавад. Бисёре аз муштариён инро ҳамчун қатъ қабул мекунанд, лекин баъди огаҳии овозӣ, муштарӣ занг зада метавонад”, - шарҳ доданд дар ширкат.

Ба “Азия-Плюс” муяссар нашуд, ки аз дигар ширкатҳои мобилӣ доир ба ин масъала шарҳ дарёбад.

Манбаъҳо: Хадамоти алоқа маҷбур мекунад

Дар ҳамин ҳол, манбаъҳо дар ширкатҳои мобилӣ дар суҳбатҳо бидуни зикри ном изҳор мекунанд, ки “дар мавриди қатъи алоқаи симкортҳо операторон аз Хадамоти алоқа супориш мегиранд”.

“Дар аввал сарфи назар аз тамдиди муҳлат, Хадамоти алоқа аз операторон талаб кард, ки давра ба давра симкортҳои дубора сабтнашударо қатъ кунанд. Баъдан баъди пайдо шудани навиштаҳои муштариёни норозӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дастур доданд, ки алоқаи симкортҳо дубора барқарор карда шавад. Лекин 1 март Хадамот боз қатъи марҳила ба марҳиларо талаб намуд ва аз 2 март ширкатҳо ин амалро боз оғоз намуданд”, - хабар медиҳанд манбаъҳо.

Тибқи иттилои манбаъҳо, ин қатъкунӣ муштариёни зиёдеро ба сабти дубораи симкортҳо водор намуд ва дар баробари ин, муроҷиатҳо низ доир ба ин масъала хеле зиёд шуданд.

Моликони аксарияти симкортҳои дубора сабтнашуда шахсони синни аз 55-сола боло мебошанд.

“Шояд қисмате аз ин одамон ивази шиносномаҳои кӯҳнаро ба ID-кортҳои намунаи соли 2014 зарур намешуморанд. Қисмати дигар бошад, имкон надорад, ки чандин бор ба маркази ноҳияи худ барои гирифтани шиносномаи нав равад, зеро на дар ҳамаи ҷамоат ва деҳот мизи шиносномадиҳӣ ҳаст”, - гуфтанд манбаъҳо.

Ин ҷо ташкили “мизҳои шиносномадиҳии сайёр” аз ҷониби ВКД дар ноҳияҳои дурдаст ҳалли масъала шуда метавонад. Вазорат чунин таҷриба дорад: дар баъзе ноҳияҳо дар мактабҳо ҳуҷҷат қабул карда, ба хатмкунандагон шиноснома медиҳанд.

Қатъи алоқа ғайриқонунӣ аст

Дар Хадамоти алоқа вазъро на он қадр возеҳ шарҳ дода, муовини сардори Хадамот Илҳом Атоев дар суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” чунин гуфт:

“Сарфи назар аз чандин маротиба дароз кардани муҳлат, баъзе муштариён симкортҳои худро дубора ба қайд нагузошта, ба тамдиди навбатии муҳлат умедвор мешаванд. Аз ин рӯ, ширкатҳои мобилӣ роҳу воситаҳои гуногунро ҷустуҷӯ менамоянд, ки онҳоро ба сабти дубораи симкортҳо ҷалб созанд”.

Дар посух ба ин суол, ки оё ширкатҳо бо вуҷуди дастури ҳукумат дар бораи тамдиди муҳлат ҳаққи хомӯш кардани симкортҳоро доранд, ӯ норавшан посух дод: "Мо танҳо талаботи дастури ҳукуматро иҷро мекунем".

Дар ҳамин ҳол, ҳуқуқшиносон мегӯянд, дар ҳолати дароз шудани муҳлат, ширкатҳо ҳуқуқ надоранд, ки симкортро қатъ кунанд, зеро ин ғайриқонунӣ аст. Ва ин маънои онро дорад, ки аз болои онҳо метавон ба суд шикоят бурд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.