Аввали моҳи июн дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси иттиҳодияи эҷодии «TZ» мавсими 10-уми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон баргузор мешавад. Tajikistan Fashion Week аллакай панҷ сол аст, ки пайдарпай дар пойтахт доир мегардад.
Соли 2023 созмондиҳандагон тасмим гирифтанд, ки дар татбиқи лоиҳа навоварӣ ҷорӣ мекунанд, аз ин рӯ, Tajikistan Fashion Week дар боғи меҳмонхонаи Dushanbe Serena барпо мешавад.
Вазорати саноат ва технологияҳи нави ҷумҳурӣ мисли солҳои пешин аз баргузории чорабинии мазкур дастгирӣ кард.
Tajikistan Fashion Week муддати се рӯз - 6, 7 ва 8 июн баргузор мешавад.
Дар Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон 33 тарроҳ ва тамғаҳо (брендҳо)-и маъруф иштирок мекунанд. Аз ҷумла, 15 тарроҳи ватанӣ маҳсули эҷоди худро ба намоиш мегузоранд.
Мавсими кунунии Ҳафтаи мӯд ба яке аз масъалаҳои муҳими рӯзмарраи замони ҳозира - “Дӯстии халқҳо” бахшида мешавад.
Бо ин иқдоми худ намояндагони иттиҳодияи эҷодии «ТZ» таҳти раҳбарии Тоҳир Иброҳимов талош доранд, ки ба робитаҳои фарҳангӣ ва дӯстона байни кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳким бахшанд.
Дар баргузории Ҳафтаи мӯд инчунин холдинги «NOOROOZ»-и Наврӯз Усмонов, шарикон - нӯшокии миллии «Сиёма», шоуруми электромобилҳои «Green AUTO», бонки «Арванд», корхонаи истеҳсолии «Artel Avesto» ва толори заргарии «ISRA-GOLD» низ саҳм хоҳанд гузошт.
Ҳафтаи мӯд як ҳавасмандӣ баҳри рушди саноати нассоҷӣ дар аксари кишварҳои хориҷӣ буда, соли панҷум аст, ки ин гуна намоишҳо дар Тоҷикистон баргузор мешаванд.