Русия бо Душанбе таъсиси маркази таълимии монанди “Сириус”-ро дар Тоҷикистон баррасӣ мекунад. Дар ин бора муовини сарвазири Русия Марат Хуснулин ба рӯзноманигорон хабар дод, менависад ТАСС.

"Мо мехоҳем, ки аналоги Сириус, варианти омехта - тавсеаи мактаб ва унсурҳои “Сириус”-ро созем", - гуфтааст Хуснуллин.

Вай зикр кард, ки ин масъаларо бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода муфассал баррасӣ кардааст.

«Ҳоло мо дар мактаби ба номи Гагарин ҳастем ва имрӯз масъалаи сохтмони мактаби иловагӣ, имкони васеъ ва рушди онро баррасӣ кардем,  зеро ба ин таваҷҷӯҳ ҳаст», - шарҳ дод Хуснуллин ва афзуд, ки ният дорад ин мавзӯъро дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузорад.

Маркази таълимии “Сириус” 24 декабри соли 2014 бо ташаббуси президенти Русия Владимир Путин аз ҷониби фонди таълимии “Талант и успех”  ва саҳми арбобони маъруфи илму варзиш ва фарҳанги ин кишвар таъсис дода шудааст.

Ҳадафи таъсиси марказ барвақт ошкор кардан, рушд ва дастгирии касбии кӯдакони лаёқатманд, ки дар соҳаи ҳунар, варзиш, улуми табиатшиносӣ қобилиятҳои барҷаста нишон дода, инчунин дар эҷодиёти техникӣ ба комёбиҳо ноил гардидаанд, унвон мешавад. Барои таблиғу ривоҷи таҷрибаи «Сириус» дар минтақаҳои Русия марказҳои дастгирии кӯдакони лаёқатманд кушода мешаванд, ки тибқи модели маркази таълимӣ кор мекунанд. То имрӯз онҳо дар 70 субъекти Федератсияи Русия фаъолият доранд.

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Юрий Гагарин дар Душанбе яке аз панҷ мактабҳое мебошад, ки сохтмонашон аз ҷониби Русия маблағгузорӣ шуд. Ин мактабҳо 1 сентябри соли 2022 боз шуданд.

Муовини сарвазир Русия Марат Хуснуллин имрӯз ба сифати ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба Душанбе омад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.