Аз 26 октябри соли ҷорӣ дар Русия қонуни нав дар бораи шаҳрвандӣ мавриди амал қарор мегирад. Дар он чиҳо тағйир меёбанд?
Дар мавриди овозаҳои пайдошуда “Азия-Плюс” ба сафорати Русия дар Тоҷикистон муроҷиат кард. Аз он ҷо ба мо посух доданд, ки “маълумоти мазкур асоси воқеӣ надорад”.
Дар ҳамин ҳол, зикр карданд, ки “дар қитъаҳои анҷоми расмиёти шаҳрвандӣ метавонанд ҳолатҳои таъхир ба вуҷуд оянд, ки ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни федералии Русия аз 28 апрели соли 2023, №138-ҚФ “Дар бораи шаҳрвандии Русия (аз 26 октябри соли 2023 мавриди амал қарор мегирад) вобастаанд.
Дар қонуни нави шаҳрвандии Русия дар бораи чӣ сухан меравад?
Дар қонуни нав як қатор тағйирот ба тартиби гирифтан ва қатъи шаҳрвандии Русия пешбинӣ шудааст. Лоиҳаи қонунро Думаи давлати 19 сентябр қабул карда, 22 сентябр аз ҷониби Шӯрои Федератсия маъуқл дониста шуд.
Навгониҳои асосӣ ба ҷанбаҳои зерин дахл доранд:
Талабот ба довталабони гирифтани шаҳрвандии Русия.
Ба ҷуз иқомати доимӣ дар қаламрави Русия на камтар аз 5 сол, донистани забони русӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ, хориҷиёни хоҳишманди шаҳрванди Русия шудан бояд донистани таърихи Русия ва қонунгузории ин кишварро тасдиқ намоянд.
Барои ин ба онҳо лозим меояд, ки имтиҳони махсус супоранд. Ин талабот ба шахсоне, ки шаҳрвандиро бо тартиби соддашуда мегиранд, дахл надорад.
Расмиёти соддашудаи гирифтани шаҳрвандии Русия
Дар қонун васеъ шудани категорияи шахсоне, ки шаҳрвандии Русияро бо тартиби соддашуда бидуни зарурати даст кашидан аз шаҳрвандии дигар ва бидуни риояи муҳлати иқомат гирифта метавонанд, пешбинӣ шудааст.
Ба ин категория инҳо дохиланд:
- шаҳрвандони собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) ва фарзандони онҳо;
- шахсоне, ки хешовандони наздикашон бо шаҳрвандии Русия дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд;
- иштирокчиёни барномаи давлатии мусоидат ба кӯчбандии ҳамватанони муқими хориҷи кишвар ба Русия;
- шахсоне, ки волидон, фарзандон, бобо, бибӣ ва набераашон доимо дар қаламрави мансуб ба Империяи Русия ё Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) (дар ҳудуди сарҳади давлатии Русия) зиндагӣ мекарданд.
Аз рӯйхати шахсоне, ки шаҳрвандии Русияро бо тартиби соддашуда гирифта метавонанд, шахсоне, ки ба он пас аз дарёфти Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВЖ) бо никоҳ довталаб буданд, хориҷ карда шуданд.
Акнун барои ин доштани фарзанди умумӣ бо шаҳрванди Русия ва дар як оила (никоҳ) зиндагӣ кардан ба муҳлати на камтар аз се сол зарур аст. Ин тадбир барои мубориза бо никоҳҳои қалбакӣ нигаронида шудааст.
Камшавии муҳлатҳои баррасии аризаҳо дар бораи додани шаҳрвандӣ
Дар қонун муҳлатҳои ягона барои ҳамаи мақомоте, ки дар бораи додан ё рад кардани шаҳрвандӣ қарор қабул мекунанд, муқаррар шудааст.
Ба ин тариқ, мақомоти корҳои дохилӣ аризаро бояд дар муддати 3 моҳ, намояндагиҳои дипломатӣ ё муассисаҳои консулгарӣ - дар муддати 6 моҳ ва президенти Русия - дар давоми сол баррасӣ кунанд.
Асосҳои нав барои маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ
Дар қонун имкони қатъ кардани шаҳрвандии Русия бо қарори президенти Русия дар ҳолатҳои зерин пешбинӣ шудааст:
- агар шаҳрванд ихтиёрӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ё дигар гурӯҳҳои давлати хориҷӣ пайваста бошад, ки он мухолифи қонунгузории Русия ё шартномаҳои давлатии Русия бошад;
- агар аз сафи Қувваҳои мусаллаҳи Русия гурехта бошад;
- агар амалҳое содир карда бошад, ки ба бадномкунии Қувваҳои мусаллаҳи Русия равона шуда бошанд;
- агар амали ифротгароӣ (экстремистӣ) содир карда бошад ё ба он даъват карда бошад.
Ғайр аз ин, дар қонун муҳлати даҳсола муқаррар шудааст, ки бо анҷоми он дар бораи қатъи шаҳрвандии Русия дар робита ба қонуншиканиҳои содиршуда дар ҷараёни қабул ба шаҳрвандӣ қарор қабул кардан мумкин нест.