Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ 3 ҳазору 400 шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ихроҷ шуданд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 24 июл директори Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ Ҳабибулло Назарзода хабар дод.
Ӯ таъкид дошт, ки сабаби асосии чунин амалҳо ошкор шудани хатогиҳо дар ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони кишвар буда, “ин ҷо ягон ангезаи сиёсӣ нест”.
«Сабаби манъи вуруд ба қаламрави Русия дар баъзе мавридҳо набудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ мебошад. Дар ҳолатҳои дигар: ба назди кӣ мераванд - номаълум, ҷои кор - номаълум. 95% одамоне, ки мераванд, медонанд, ки ба куҷо ва бо кадом мақсад, аммо ба саволҳо ҷавоб дода наметавонанд, намедонанд, ки чӣ бояд ҷавоб диҳанд. Баъзеҳо, шояд, ҳангоми пурсиш саросема мешаванд. Ин аст ҳамаи сабабҳо, ангезаи сиёсӣ нест».
Пас аз содир гардидани амали террористӣ дар «Крокус Сити Холл»-и Маскав, ки дар он шаҳрвандони Тоҷикистон гумонбар мешаванд, шароит барои ҳам муҳоҷирони аллакай дар қаламрави Русия қарордошта ва ҳам барои онҳое, ки ба он ҷо рафтанӣ ҳастанд, шадидтар шуд.
Қобили зикр аст, ки ахиран шикоятҳои муҳоҷирони тоҷик дар бораи мушкилоти вуруд ба Русия зиёд шудааст. Даҳҳо муҳоҷирон шикоят карданд, ки онҳоро дар фурудгоҳҳои Русия ва нуқтаҳои марзи заминӣ бо баҳонаҳои гуногун боздошт мекунанд.
Аз ҷумла, дар ин маводи “Азия-Плюс” муҳоҷироне, ки вурудашонро ба Русия иҷоза надоданд, аз ҳодисаи ба он дучоршудаашон изҳори назар карданд.
Дар бораи сабабҳои манъи вуруд ба Русия на ҷониби Тоҷикистон ва на ҷониби Русия расман чизе намегӯянд.