Дар қаламрави Тоҷикистон аз 16 то 19 август ҳавои пургарду ғубор дар назар аст. Он ноҳияҳои ҷанбу ғарб ва марказии вилояти Хатлон, инчунин шаҳри Душанбе, навоҳии тобеи марказ ва қисмати шимоли вилояти Суғдро фаро мегирад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ огоҳ мекунад, ки ин метавонад ба олудагии ҳавои атмосфера бо маводи муаллақи (гарду ғубор) ҳиссачаҳои андозаи 10 мкр (Pm-10) ва 2,5 мкр (Pm-2,5) боис гардад.
Гуфта мешавад, ғайр аз ин, ба асари об шудани пиряхҳо дар роҳҳои кӯҳӣ хатари омадани селҳо, резиши санг ва ярч аз эҳтимол дур нест.
Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба сокинон ва меҳмонони кишвар чунин тавсияҳо медиҳад.
- бештар оби тоза нӯшед, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз хубтар;
- то ҳадди имкон тирезаҳои хонаатонро пӯшед. Тирезаҳои худро бо докка ва ё тур пӯшида, ҳамвора онҳоро намнок нигоҳ доред;
- ҳамешаву пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш накунед;
- духтурон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд.
Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои зиққи нафас ва роҳи нафасанд чунин тавсияҳо дода мешавад:
- меъёри доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳед;
- ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошед;
- агар талабот ба ингляторҳо аз 4-6 маротиба дар як рӯз зиёд шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.
Дар ҳоли пеш омадани ҳолати фавқулодда бо рақами 112 ва ё телефонҳои Қисми навбатдорӣ: 223-13-11, 93 880 28 19 занг занед.