Қариб як сол инҷониб тафтишҳои ногаҳонӣ, муносибати дағал, фишор ба муҳоҷирони тоҷик ва ихроҷи онҳо аз Русия зиёд шудааст. Дар аксар ҳолат муҳоҷиронро бе асоси воқеӣ аз ин кишвар ихроҷ мекунанд.

Мо бо се муҳоҷире суҳбат кардем, ки ба таври гуногун аз Русия ихроҷ шудаанд, ҳарчанд ҳуҷҷатҳои ҳамаи онҳо дуруст буд, камбуде надошт ва онҳо қонунҳоро риоя мекарданд.

“Соат 4-и шаб буд, ки кормандони “ОМОН”-и рус зада, дарро шикастанд ва ба манзиламон даромаданд. Ҳамаро заданд, масхара карданд, дар сарамон шампун рехтанд, як касро қошҳояшро тарошиданд ва ҳарчӣ ба дасташон афтод, бо он заданд. Зада-зада ба берун барварданд. Ҳама бачаҳо маъиб шуданд, сарҳо дарида буд. Лаби ман ҳам дарид, миёну пуштам сиёҳ ва сутунмӯҳраам маъиб шуд. Нафаҳмидам чаро заданд, чун ҳуҷҷатҳоямро нав карда будам”, - ба ёд меорад Файзалӣ Турдиев, сокини ноҳияи Восеъ, ҳодисаи аз сараш се моҳ пеш гузаштаро.

Пас аз латукӯб, Файзалӣ ва ҳамкоронашро ба шӯъбаи пулис бурда, ҷарима карданд ва ҷавоб доданд, чунки ҳама ҳуҷҷатҳояшон дуруст буд.

Ҳамин тавр, корфармо ҳам маблағи корашонро надод. Се моҳ бе пулу кор дармонда, бо азобе маблағ пайдо карданду ба Ватан баргаштанд.

Ҳамакнун, Файзалӣ бо осори он латукӯби кормандони пулиси рус зиндагӣ дорад. Ӯ бо миёни дардманд дигар корҳои вазнин намекунад ва ҳоло бекор аст.

Қиссаҳои муҳоҷирони ихроҷшударо муфассал дар гузориши мо бубинед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.