Намояндагони сохторҳои марбутаи ИМА ва “Толибон” имкони боз шудани амалиёт бо дороиҳои молиявии Афғонистонро баррасӣ карданд. Дар ин бора дар сомонаи Департаменти давлатии ИМА хабар дода мешавад.

Гуфта мешавад, вохӯрӣ рӯзи 27 июл дар Тошканд пас аз анҷоми кори конфронс оид ба Афғонистон (26 июл) баргузор шудааст.

Ҳайати ИМА-ро дар вохӯрӣ бо “Толибон” намояндаи махсус оид ба Афғонистон Томас Уэст ва муовини вазири молия оид ба мубориза бо терроризм ва иктишофи ҳарбӣ Брайан Нелсон роҳбарӣ кардаанд.

“Ҷонибҳо талошҳои ҳозираро дар мавриди истифодаи захираҳои иҷозашудаи Бонки марказии Афғонистон дар ҳаҷми 3,5 млрд доллар барои нафъи мардуми ин кишвар баррасӣ карданд. Иёлоти Муттаҳида зарурати тақвияти корҳоро дар ин самт таъкид кард”, - омадааст дар хабари Департаменти давлатӣ.

Ёдрас мекунем, ки амалиёт бо дороиҳои давлатии захиравии Бонки марказии Афғонистон дар ИМА моҳи августи соли 2021 пас аз сари қудрат омадани толибон дар кишвар боздошта шуданд. Маблағи дороиҳои захиравии кишвар 9,4 млрд доллар арзёбӣ шуда буд.

Зимни вохӯрии байнулмилалӣ дар Тошканд намояндаи вижаи ИМА оид ба Афғонистон Том Уэст изҳор дошт, ки Вашингтон роҳи ҳалли кушодани амалиёт бо захираҳои боздоштшудаи ин кишварро баррасӣ дорад, то ки ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият дар Афғонистон мусоидат намояд.

Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид доштааст, ки тариқи муколама бо толибон ниҳодҳои байнулмилалӣ бояд итминон дошта бошанд, ки корҳо дар ин самт шаффоф хоҳанд буд.

Том Уэст шарҳ дод, ки ҳарчанд кишвараш бо толибон мухолифат дошта бошад ҳам, бо наздикшавии фасли зимистон мардуми Афғонистон бо мушкилоти зиёд дучор мешавад.

“Аз ин рӯ, ИМА ҳамчун сарпарасти бузургтарини кумаки башардӯстона ба Афғонистон, ба гуфтушунид бо толибон дар бораи озод кардани маблағҳои боздоштшудаи ин кишвар омода аст”, - иброз доштааст ӯ.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.