Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатъномае сӯзонидани китобҳои муқаддасро маҳкум кард. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.
Дар матни қатъномаи қабулгардида таъкид мешавад, ки Шӯро “амалҳои ахири оммавӣ ва қасдан таҳқир кардани Қуръони Каримро маҳкум мекунад ва аз давлатҳое, ки дар онҳо кирдори мазкур рух додааст, даъват мекунад, ки гунаҳгоронро ба ҷавобгарӣ кашанд”.
Қатъномаи мазкур дар пасманзари оташзании Қуръон дар Шветсия, ки боиси эътирози густурдаи ҷомеаи мусулмонӣ гардид, қабул шуд.
Дар ҷараёни раъйдиҳӣ намояндагони 28 кишвари аъзои Шӯро аз қатъномаи мазкур ҷонибдорӣ, намояндагони 12 кишвар - мухолифат ва 7 кишвар - аз овоздиҳӣ худдорӣ карданд.
Ин ниҳоди СММ аз кишварҳо даъват кардааст, ки қонунҳову сиёсатҳои миллии худро бозбинӣ кунанд, то монеаҳо ҷиҳати таъқиботи судӣ барои даъват ба бадбинии мазҳабӣ ё “табъиз, хусумат ва хушунат” бартараф гарданд.
“Шӯро аз Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва тамоми расмиёти махсуси дахлдори Шӯрои ҳуқуқи башар дар доираи ваколатҳои худ даъват мекунад, ки барангехтани кинаю адовати динӣ, аз ҷумла амалҳои таҳқири китобҳои муқаддасро маҳкум кунанд”, - зикр мешавад дар матни қатънома.
Бояд гуфт, ки охири моҳи июн, дар арафаи Иди Қурбон яке аз паноҳҷӯёни ироқии муқими Шветсия китоби барои мусулмонон муқаддаси Қуръонро оташ зад. Мақомоти Шветсия ба ӯ иҷоза доданд, то эътирози худро баён кунад.
Ин амал дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон вокунишҳои густардаеро ба бор овард. Ироқ аз мақомоти Шветсия тақозо кард, ки муҳоҷири Қуръонро оташзада ба ин кишвар истирдод карда шавад.
Ҳазорон нафар эътиқодмандон ва шахсони расмӣ дар давлатҳои Алҷазоир, Афғонистон, Миср, Индонезия, Лубнон, Сурия, Туркия, Ӯзбекистон, дабири кулли Лигаи кишварҳои араб, дабири кулли Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои арабии Халиҷи Форс ин амалро маҳкум карданд.
Вазоратҳои корҳои хориҷии Урдун ва Имороти Муттаҳидаи Араб сафирони Шветсияро даъват карданд, то ба онҳо эътирози худро расонанд.
Ин аввалин ҳодисаи оташ задани Қуръон дар кишварҳои аврупоӣ нест. Қаблан низ тундгароён дар кишварҳои гуногуни Аврупоӣ қитоби муқаддаси мусулмононро оташ зада буданд. Он замон низ ин рафтори тундгароёнаи ғарбиҳо эътирози густурдаи мусулмонони кишварҳои гуногуни ҷаҳонро ба миён оварда буд.