Душанбе. 14-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Намояндагии дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон барои ғолибони ҷашнвораи саввуми байнулмиалии кинои «Дидор», ки айни замон дар Тоҷикистон ҷараён дорад, 15 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо кард.
Тавре корманди масъули робита бо ҷомеаи дафтари Швейтсария дар Тоҷикистон Гулноза Ҳасанова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ин саввумин ҷашнвораест, ки бо ташаббус ва дастгирии ҳукумати Швейтсария баргузор мешавад.
Ёдрас мекунем, ки аз 12 то 16-уми октябр дар пойтахти Тоҷикистон ҷашнвораи III-уми байнулмилалии кинои «Дидор» баргузор мешавад.
Сарпарастони асосии ҷашнвора «Институти ҷомеаи Кушод - Фонди Мусоидат. Тоҷикистон»
ва Агентии рушду ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон мебошанд. Мавсуф зикр кард, ки мувофиқи қарори Кумитаи тадорукот,
тамоми чорабиниҳо, аз қабили намоиши филмҳо, мизҳои мудаввар, муаррифии филмҳои беҳтарини коргардонҳои Осиёи Марказӣ ва нишастҳои матбуотӣ дар Хонаи Кино ва Маркази фарҳанги ҳиндии сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон доир мегарданд.
Тибқи консепсияи ҷашнвора, ба ҳакамон ва тамошобинон 12 филми кӯтоҳмуддат ва 12 филми мукаммали коргардонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Русия, Афғонистон, Эрон, Муғулистон, Олмон ва Туркия ва ҳамчунин 15 филми коргардонҳои тоҷик, ки дар давраи солҳои 2006-2008 наворбардорӣ шудаанд, намоиш дода мешавад.
Дар ҷашнвора чунин ҷоизаҳо супурда хоҳанд шуд: Шоҳҷоиза барои филми мукаммал, Шоҳҷоиза барои филми кӯтоҳмуддат, мукофот барои филми беҳтарини Тоҷикистон, мукофоти ҳакамони байнулмилалӣ барои коргардони беҳтарин, ду бурси «Мероси ягона»-и Маркази кинои мустанад ва озмоишии Эрон барои дастгирии коргардонҳои ҷавони тоҷик, ҷоизаи Иттиҳодияи эҷодии «Боргоҳи сухан» барои филми беҳтарини Тоҷикистон ва ҷоизаи махсуси «Таваҷҷӯҳи матбуот» аз рӯи овоздиҳии рӯзноманигорон.
Маросими расмии ифтитоҳ ва анҷоми ҷашнвора дар театри драмавии ба номи Маяковский доир мегардад.
Ба ҷуз барномаи озмунӣ, ҳамчунин дар доираи чорабиниҳои ҷашнвора намоиши филмҳои муосири афғонӣ, мизи мудаввар дар мавзӯи «Шарқу Ғарб: дурнамои ҳамкориҳо», муаррифии маҷмӯаи дискҳои киношиноси қазоқ Гулнора Абикеева, «Кинои мустанади Осиёи Марказӣ: Даврони Шӯравӣ ва солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ» ва муаррифии китоби «Панҷ садо» (намунаи ашъори панҷ шоири Эрон) баргузор мешавад.
“Шӯҳрат намехоҳам, талош дорам таърихро таҳқиқ кунам ва таълим диҳам”. Камолуддин Абдуллоев 75 сол шуд
“Шкаф” - “тумбочка” ва “короче” - “просто”. Калимаҳои маъмули русӣ ба тоҷикӣ чӣ гуна тарҷума мешаванд?
“Афсӯс, ки дастгир шуданд”. Шаҳрванди Қирғизистон барои шарҳе зери навори боздошти гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 сол равонаи зиндон шуд
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Боздошти як зани 44-сола бо гумони куштори тифли 11-моҳа дар Хуҷанд
Мусодираи қариб 6,5 ҳазор қуттӣ тамоку, ки бо роҳи қочоқ вориди кишвар шуда буд
Ба президент мутобиқсозии растаниҳои нодирро ба шароити Тоҷикистон нишон доданд
Раёсати Оҷонсии зиддифасод: Муовини раиси Исфара барои фурӯши замин ҷарима шуд, вале то ҳол дар мансаб аст
Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ба мусобиқаи Тоскулоҳи бузург ба Тошканд меравад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Силии нақд аз атои нася беҳ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста