Душанбе. 21-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Фардо дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Тавре аз сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳайати ҳунармандону эҷодкорони кишвари ҳамсояро, ки ба он овозхони маъруфи эстрада Парвиз Назаров низ шомил аст, муовини вазири фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон Минбой Дархон сарварӣ мекунад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод намоишгоҳи асарҳои рассомони қазоқ доир гардида, дар шаҳри Душанбе панҷ филми коргардонҳои қазоқ намоиш дода мешавад.

Чорабиниҳои фарҳангӣ то рӯзи 24-уми октябр идома ёфта, он бо консерти пуршукӯҳи устодони санъати Қазоқистон ва ситораҳои эстрадаи Тоҷикистон ба анҷом хоҳад расид.