Душанбе. 30-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон 9-уми ноябр оғоз хоҳанд гашт.  

Тавре аз вазорати фарҳанги мамлакат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳайати меҳмононро иборат аз 73 нафар, вазири фарҳанг ва сайёҳии Озарбойҷон Абдулфас Гароев раҳбарӣ хоҳад кард.

Ба иттилоъи манбаъ, ба ҳайати мазкур ҳамчунин дромнависи машҳури озарӣ Алӣ Амирлӣ, оҳангсоз Элдар Мансуров ва ғайраҳо шомиланд. Дар доираи чорабинии чаҳоррӯза, дар Душанбе консерти устодони санъати Озарбойҷон, намоишгоҳҳои аккосиву санъати ороишӣ-амалӣ баргузор хоҳад гашт.

Маврид ба ёдоварист, ки рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Озарбойҷон аз 16-ум то 20-уми октябри соли равон дар шаҳри Боку гузаронида шуданд. Мувофиқа дар бораи баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Боку ва Озарбойҷон дар Душанбе, дар ҷараёни вохӯрии руасои ҷамоҳири кишварҳо Илҳом Алиев ва Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи боздиди расмии президенти Тоҷикистон ба Озарбойҷон дар моҳи августи соли 2007 ҳосил шуда буд.