Душанбе. 15-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 100-солагии шоири маъруф ва адабиётшиноси тоҷик Нодир Шанбезода конфронс баргузор гардид, ки дар он олимону адабиётшиносон, шогирдон, дӯстон ва хешу ақрабои шоир иштирок карданд.

            Дар маърӯзаҳо оид ба ҳаёту эҷодиёти Н.Шанбезода саҳми ӯ дар таҳқиқоти паҳлӯҳои гуногуни адабиёти классикии форсу тоҷик таъкид гардид. Шоир Варқа Охонниёз ёдовар шуд, ки Мирзо Турсунзода шоирро, «Энсиклопедияи адабиёти классикии форсу тоҷик» ном мебурд.

            Иштирокдорони конфронс қайд карданд, ки Н.Шанбезода ҳамчун асосгузори назми шуғнонӣ дониста мешавад. Якчанд порчаи осори шоир ба ин забон қироат карда шуд. Қобили зикр аст, ки дар соли 1938 баъди чопи маҷмӯаи шеърҳои шоир бо номи «Гулғунча» шоир ба маҳбас кашида шуда буд. Дар замони салтанати Сталин шоир ду маротиба мавриди ҷазо қарор гирифта, бо сабаби ҷой надоштани ҳодисаи ҷинояткорӣ озод шуда буд.

            Ёдрас мекунем, ки Нодир Шанбезода муддати зиёд ба ҳайси мудири шӯъбаи адабиёти нашриёти «Ирфон» ифои вазифа намуда, дар чопи се ҷилди қиссаҳои «Ҳазору як шаб», ғазалиёти Ҳофиз, асарҳои Сайид Нафисӣ, Эраҷ Мирзо ва дигарон саҳми арзанда дорад.