Президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев аз муоинаи тиббӣ гузашта, муддати чанде таҳти назорати табибон қарор хоҳад дошт. Азаттик иттилоъ медиҳад, ки айни замон ӯ дар Туркия қарор дорад.

Қаблан АКИpress иттилоъ дода буд, ки ҳайати Қирғизистон таҳти сарварии Алмазбек Атамбоев баъди нишаст дар фурудгоҳи ба номи Отатурки Туркия ба сафар идома доданӣ буд, вале Атамбоев аз дард дар қафаси синааш шикоят карда, баъди муоина табибон ба ӯ тавсия медиҳанд, ки дар Туркия таҳти назорати духтурон бимонад.

Дар васоити ахбори умуми Туркия навори видеоие мунташир шуд, ки дар он Алмазбек Атамбоевро аз фурудгоҳи Истамбул автомашинаи ёрии таъҷилии тиббӣ ба бемористон мебарад.

Аз дастгоҳи президенти ин кишвар хабар додаанд, ки бинобар сабаби аз муоинаи тиббӣ гузаштани Алмазбек Атамбоев ӯ аз 20 сентябри соли 2016 рухсатии меҳнатӣ гирифта, он эҳтимол то 1 октябр идома ёбад.

Ҳайати Қирғизистонро дар кори иҷлосияи 71-уми Маҷмаъи умумии СММ дар Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии ин кишвар Эрлан Абдилдаев роҳбарӣ кунад.