Суруди президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳаммедов дар озмуни интихоби гимн барои Бозиҳои V Осиё ғолиб дониста шуд. Бозиҳои V Осиё моҳи сентябри соли 2017 дар Ашқобод баргузор мешаванд.

Хабаргузории «Гундогар» дар ин робита менависад, ин озмун бо ташаббуси худи Бердмиҳаммедов эълон шуда, дар консерти бахшида ба конгресси «Азиада-2017» рӯзи 7 апрел якчанд сурудҳои нав барои ин озмун садо додаанд.

Сипас Бердимуҳаммедов ногаҳон ба саҳна баромада, пешниҳод мекунад, ки ба сифати суруди асосии Бозиҳои V Осиё суруди худаш «Ба пеш, ба пеш, танҳо ба пеш кишвари азизам Туркманистон!» низ баррасӣ шавад ва ин сурудро мехонад.

Бино ба маълумоти «Фергана», дар Маркази давлатии фарҳанги Туркманистон рӯзи 9 апрел зимни натиҷагирӣ аз озмун дар машварат бо иштироки намояндагони ҳукумат ва ходимони намоёни аҳли фарҳанг, суруд ва оҳанги сарвари давлат якдилона дастгирӣ ёфтааст.

Қобили зикр аст, ки моҳи ноябри соли 2015 суруд ба Китоби рекордҳои Гиннес дохил шуда, бо сарвари президент «онро дар як вақт ҳамроҳ» беш аз 4 ҳазор нафар сароиданд.