Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев «Дар бораи тадбирҳо оид ба амалисозии ҳадафҳои миллии рушди устувор» қарор ба имзо расонид. Ин санад аз ҷониби Вазорати иқтисод таҳия шудааст, хабар медиҳад CA-NEWS.

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз ҳисоби дастгирии тиҷорати хурд ва бозомӯзии касбии бекорон амалӣ мешавад. Дар бахши кишоварзӣ ва саноат на камтар аз 168,2 ҳазор нафар бояд соҳиби ҷойи кор шуда, наздики 20 ҳазор ҷойи корӣ аз ҳисоби амалисозии «харитаҳои роҳ» ва лоиҳаҳаҳо оид ба ташкили истеҳсолотҳои нав таъсис дода мешавад.

Мувофиқи ин қарор, Ӯзбекистон метавонад сатҳи таъминоти начандон зиёдро то соли 2030 ду баробар коҳиш диҳад. Санад мутобиқи нақшаи тадбирҳои амалии «харитаи роҳ» оид ба рушди минбаъдаи ҳамкории кишвар бо Созмони Милали Муттаҳид (СММ) барои солҳои 2017-2010 таҳия шудааст.

Гуфта мешавад, дар санад ба сурати умум 17 ҳадафи стратегӣ, аз ҷумла таҳкими амнияти озуқаворӣ ва беҳбуди таъмин бо ғизо,  таъмини тарзи ҳаёти солим, беҳбуди вазъ дар соҳаи маориф ва ғайра тасдиқ шудааст.