Баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон метавон гуфт, мерос аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ аст. Пас аз фурӯпошии ин иттиҳод, инак беш аз 30 сол баҳс ҳамоно идома дорад. Ҳарчанд дар солҳои гуногун кӯшишҳо барои ҳалли баҳс ва мушаххас кардани хати марз миёни ду кишвар аз ҳар ду ҷониб мушоҳида мешуд, аммо дар ниҳоят, бо таъсири омилҳои гуногун, ин ҳама кӯшишҳо ноком шуданд ва то ҳол роҳи ҳалли мусолиҳатомези баҳс пайдо нашудааст. Баръакс, баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон сол аз сол мураккабу шадид гардида, аз танишҳои лафзии солҳои аввал то муноқишаҳои мусаллаҳона ва қурбонии зиёд аз ҳар ду ҷониб дар солҳои охир расидааст.
Ҳарчанд, пас аз ду муноқишаи мусаллаҳонаи пурқурбонӣ дар солҳои 2021 ва 2022, чунин ба назар мерасад, ки ҷонибҳо барои ҳалли баҳси марзӣ ва мушаххас кардани хати марз талоши зиёд мекунанд, аммо то ҳол хатари такрори низои мусаллаҳона аз байн нарафтааст ва ин дар навбати худ, минтақаро осебпазир кардааст.
Коршиносон сол аз сол мураккаб гаштани баҳсҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистонро ба омилҳои гуногун марбут медонанд, аммо як нуктаро таъкид менамоянд: бо назардошти вазъи кунунии ҷаҳон ва осебпазирии минтақа ин баҳс бояд ҳарчи зудтар ҳал карда шавад, то боиси эҷоди тавтеа нагардад.
Барои чӣ ҳалли баҳси марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон мушкил шудааст?
Се омили ба бумбаст кашидани вазъ
Шералӣ Ризоён, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, омили асосии ба дарозо кашидани ҳалли баҳси марзӣ такяи ҷонибҳо ба асосҳои ҳуқуқии гуногун мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон бештар ба ҳуҷҷатҳои солҳои 1925-1927 такя мекунад, ки то кунун ягона санади меъёрию ҳуқуқии тасдиқшуда (аз рӯйи қонунгузории амалкунанди вақт) ба шумор рафта, асоси марзҳои кунунии ду давлат аз он сарчашма мегиранд. Қирғизистон ин санадро эътироф накарда, нисбат ба қитъаҳои мухталиф аз ҳуҷҷатҳои гуногун кор мегирифт ва бештар ба Эъломияи Олмотӣ аз моҳи декабри соли 1991, санадҳои солҳои 1958-1959 ва 1989 ва ғайра такя мекард.
Ба андешаи ӯ, нуктаи дувум набудани иродаи сиёсӣ аст. Яъне созишҳое, ки дар мавриди масъалаи марзӣ байни ҷонибҳо қабул мешуданд, на ҳамеша иҷро ва риоя мегардид. Вақте мавзӯъ ба ниҳоӣ шудан наздик мегашт, ҳамраиси ҷониби ҳамсоя иваз ва музокирот аз сари нав оғоз мешуд.
Нуктаи сеюм, ба андешаи Шералӣ Ризоён, истифодаи омили марз дар муборизаҳои дохилӣ аст, ки чунин раванд баъди солҳои 2010-ум ба мушоҳида расида, амалан гуфтушунидро ба бумбаст оварда буд. Яъне музокиротро идома медоданд, вале баъд аз имзои санад даст мекашиданд ё санадеро, ки имзо мекарданд, ба иҷрои он кӯшише нишон намедоданд.
“Масалан, бинобар ҳассос будани мавзӯъи марзӣ, ҷонибҳо соли 2008 ба мувофиқа расида буданд, ки раванди гуфтушунид маҳрамона сурат мегирад ва дар расонаҳо бо ҷузъиёташ бозтоб намешавад. Ин асл чандин маротиба риоя нашуд ва боиси ба бумбаст расидани масъала гардид”, - хулоса кард ин сиёсатшиноси тоҷик.
Тағйири таркиби аҳолӣ ва санадҳои “махфӣ”-и бойгонии Маскав
Раҳматулло Абдуллоев, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, сабаби дигари баҳси марзӣ байни ду кишвар дар замони шӯравӣ бидуни баррасиву назардошти таркиби аҳолӣ анҷом додани раванди марзбандӣ ва осемасар зикр шудани он дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ буд.
Аз тақсимоти аҳди шӯравӣ то парокандашавии он таркиби қавмии аҳолӣ дар минтақаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон тағйир ёфт ва ин мушаххаскунии хати сарҳадро боз ҳам печида кард.
“Масалан, дар 50-60 соли охир, дар фосилаи байни Чоркӯҳ ва Ворух деҳаҳои нави сукунати қирғизҳо пайдо шуда, минтақаи васеи мавзеи Ворухро дар бумбаст қарор доданд”, - мегӯяд Абдуллоев.
Ба қавли ин коршинос, дар бойгонии Москав маҳфуз будани аксари санадҳои муайянкунандаи хатти сарҳад байни Тоҷикистону Қирғизистон ва дастраси ҷонибҳои баҳскунунда набудани он омили дигари ба дарозо кашидани баҳси марзӣ шудааст.
«Касе гузашт кардан намехоҳад»
Абдумуталиб Шарипов, рӯзноманигор аз ноҳияи Исфара, минтақае дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ба мавқеи қотеъи ҳар ду ҷониб ва омодаи гузашт набудани онҳо ишора карда, мегӯяд, ҳар ду ҷониб мехоҳанд, баҳси марзӣ бо назардошти манфиатҳои ӯ ҳал шавад, аз ин сабаб расидан ба созиш душвор шудааст.
“Барои чунин мавқеи қотеъона асос ҳам ҳаст ва ин сарнавишти аҳолии минтақа мебошад. Зеро дар он ҷойҳо шаҳрвандони ду кишвар ба таври омехта зиндагӣ мекунанд ва ҳеҷ имкони аз мобайни як кӯча ё тавассути убури як ҷӯй гузаронидани хатти сарҳад нест. Касе ҳам ихтиёрӣ хонаву дари худро тарк карданӣ ё иваз карданӣ нест”, - мегӯяд Абдумуталиб Шарипов.
Бими аз даст рафтани қаламрав ва вокуниши аҳолӣ
Дар ҳамин ҳол, Эркин Байдаров, коршинос аз Қазоқистон бар ин назар аст, ки маҳз “тарс”-и аз даст додани қаламрав ва вокуниши аҳолӣ ба он сабаби ба дарозо кашидани ҳалли масъалаи марзӣ шудааст.
Ӯ мегӯяд, то замоне, ки масъала ҳалли худро наёбад, муноқишаҳои марзӣ давом меёбад ва дар ин роҳ ҷонибҳо бояд муросо кунанд.
“Барои ҳалли ниҳоии баҳси марзӣ бояд кори минбаъдаи онро идома дод. Мутаваққиф кардани он ба манфиат нест ва оқибати хуш ҳам надорад. Инчунин, набояд ҳалли пасипардагии масъала вуҷуд дошта бошад. Ҷомеаи ду кишвар бояд донад, ки ин раванд чӣ гуна идома дорад. Фақат ақли солим ва гуфтушунид метавонад ба муноқишаҳои сарҳадӣ хотима диҳад”, - афзуд ӯ.
Барои ҳалли баҳси марзӣ боз кадом иқдомро метавон пиёда кард?
Коршиносон барои ҳалли ниҳоии масъала роҳҳои гуногунро пешниҳод мекунанд. Тасдиқи раванди музокирот аз сӯи ниҳоди қонунгузор, баррасии масъала бидуни ҷалби ҷониби сеюм, ҷалби аҳолии наздимарзӣ барои ҳалли масъала аз муҳимтарин пешниҳодҳо мебошанд.
“Миёнарав лозим нест!”
Шералӣ Ризоён мегӯяд, ягона роҳи ҳалли масъала музокироти дуҷониба, бидуни ҷалби ҷониби сеюм ва миёнрав аст. Дигар роҳи мувофиқ ва муассир вуҷуд надорад, бовар дорад Ризоён.
Ӯ бо таъкид ба вохӯриҳои ахири гуруҳҳои кории байни ду кишвар ишора карда гуфт, имрӯз ҷонибҳо аз абзори дипломатӣ ба таври васеъ истифода мекунанд ва танҳо дар моҳи октябри соли ҷорӣ ду мулоқоти раисони комиссияи муштараки муайянкунӣ ва аломатгузории марз ва ду ҷаласаи гуруҳҳои кории топографӣ баргузор гардид. Дар натиҷа 57,3 км хати марз мувофиқа шуд.
“Аз ин рӯ, идома додани раванди кунунии музокироти ҷонибҳо барои муайян кардани хати марзи давлатӣ бисёр муҳим мебошад. Агар бо ҳамин суръат идома ёбад, ҷонибҳо ба ҳаллу фасли пурраи баҳси марзӣ даст меёбанд”, - афзуд ӯ.
Ба қавли ин коршинос, барои халалдор нагардидани раванди музокирот ва натиҷабахшии он риояи созиши қаблан имзошуда ва нашри иттилои мувофиқашуда перомуни ҷузъёти масъала дар расонаҳо муҳим аст.
“Чунки истифодаи ин омил барои бозиҳои сиёсӣ ба назар мерасад. Таҷриба собит мекунад, ки агар истифодаи абзорӣ шавад, раванди музокиротро метавонад кунд созад”, - мегӯяд Шералӣ Ризоён.
Кафолати риояи қарорҳои қабулшуда
Ба андешаи Раҳматулло Абдуллоев, агар Комиссияи давлатӣ аз тарафи мақомоти олии қонунгузори ду кишвар тасдиқ гардида, раванди музокиротро пеш мебурд, беҳтар буд, зеро борҳо шуда, ки баъди анҷоми даври муайяни ҷаласаи ҳайатҳо, тарафи Қирғизистон даъвои нав пеш оварда, санадҳои имзошударо зери шубҳа гузоштааст.
“Ин метавонад кафолати таъмини асоси қонунӣ барои иҷрои муқаррароти санадҳои имзошуда гардад. Касе наметавонад итминон диҳад, ки минбаъд натиҷаҳои фаъолияти кунунии ҳайатҳои давлатии ду кишвар зери шубҳа қарор намегирад, зеро дар гузашта шоҳиди чунин амалкардҳо аз сӯйи Қирғизистон будем”, - гуфт Абдуллоев.
“Дипломатияи мардумӣ”
Абдумуталиб Шарипов таваҷҷуҳро ба фаъолмандии пирони соҳибтаҷриба ва бозорҳои марзӣ мекашад. Ӯ мегӯяд, барои ҳалли баҳси марзӣ ин омилҳо метавонанд нақши муассир бозанд, аммо ба таври кофӣ истифода намешаванд.
“Институти мӯйсафедон бояд дубора фаъол шавад, зеро замоне буд, ки маҳз онҳо ҳамчун пешқавм аҳолиро ба маъракаҳои ҳамдигар мебурданду риштаи дӯстӣ мустаҳкам мегардид”, - мегӯяд ӯ.
Аз сар гирифтани савдои наздисарҳадӣ ва кушодани роҳҳо низ, ба андешаи Шарипов, дар ташаккули равобити дӯстона мусоидат мекунад. Ва баръакс, вақте роҳ маҳкам ва додугирифт набошад, аз ҳам дур шудани ҳамсояҳо мушоҳида мешавад.
Эркин Байдаров ҳам мегӯяд, барои ҳалли масъалаи марзӣ бояд аз шахсиятҳои таъсиргузори минтақаҳои наздимарзӣ истифода кард.
“Иқдоми иловагӣ дар ҳалли ихтилофи марзӣ истифодаи “дипломатияи мардумӣ” мебошад. Сокинони манотиқи наздимарзӣ дар ду тарафи марз хешу табор доранд. Аз ин рӯ онҳо “баҳрабардорон”-и асосии ҳалли низоъ мебошанд”, - мегӯяд Байдаров.
Изҳороти умедворкунанда
Новобаста ба баҳсҳои мураккаб ва дар баъзе ҳолат, омехта ба муноқишаҳои мусаллаҳона, музокирот миёни гуруҳҳои кории ду кишвар идома дорад ва баъзан пас аз мулоқотҳо изҳороти умедворкунанда ҳам садо медиҳад.
Аз ҷумла, пас аз охирин мулоқоти роҳбарони гуруҳҳои музокиракунанда, раисони КДАМ-и ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев таъкид карданд, ки “прортоколи №44 имзо ва дар асоси он ҳама гуна масъалаи марзӣ ҳал мешаванд”.
Танҳо моҳи октябри соли ҷорӣ ду мулоқоти раисони комиссияи муштараки муайянкунӣ ва аломатгузории марз ва ду ҷаласаи гуруҳҳои кории топографӣ баргузор гардид, ки зимни он 57,3 км хати марз мувофиқа шуд.
Умуман, соли 2023 ҳудуди 10 мулоқоту ҷаласаҳои комиссияи байниҳукуматӣ ва гуруҳҳои кории топографӣ баргузор шуд, ки падидаи мусбат барои ҳалли масъалаи мазкур ба шумор меравад.
Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан 970 километр марзи муштарак доранд. Айни замон 519 километр хати сарҳади давлатӣ мушаххасу муайян ва аз ҷониби ҳарду давлат эътироф шудааст. Боқимонда - зиёда аз 400 километри хати сарҳад баҳснок шуморида мешавад.
PS: “Asia-Plus” барои инъикоси дидгоҳи коршиносони ҷониби Қирғизистон ба наздики 10 таҳлилгар ва рӯзноманигори қирғизистонӣ муроҷиат кард, аммо ҳеҷ кадоми онҳо розӣ нашуданд, андешаи худро дар робита ба мавзӯи матраҳгардида иброз намоянд. Баъзе аз коршиносон сабаби шарҳ надодани мавзӯъро “вазъи норӯшани муносибот миёни ду кишвар” арзёбӣ карданд.
Ба ин тартиб, ба “Asia-Plus” муяссар нашуд, ки барои риояи тавозун нуктаи назари коршиносони қирғизистониро ба хонанда расонад, аммо бо вуҷуди ин, умед ба ин хоҳад буд, ки дар оянда андешаи коршиносони Қирғизистон оид ба мавзӯи матраҳшуда дастрас ва пешниҳоди хонанда мегардад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Тоҷикистону Қирғизистон хатти сарҳади ду кишварро пурра маълум кардаанд
Пастшавии қурби рубл ба оилаҳои тоҷик чӣ таъсир мерасонад? Аз сокинон пурсидем
Тоҷикистон мехоҳад “Меҳргон” ва санъати сохтану навохтани рубобро ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид кунад
Додситонии кул ҷузъиёти парвандаи Файзи Олӣ, вакили дифои зиндониро шарҳ дод
Фармон имзо шуд! Рӯзи баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон маълум гардид
Бадтарин натиҷаи “Истиқлол” дар мусобиқаҳои футболи сатҳи Осиё: 6 бохти пайдарпай
Бонки миллӣ аз қаллобон огоҳ кард: “Маълумоти шахсии худро ба одамони бегона надиҳед”
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Як ҳафта танаффус. Дастикам 30 нафар алайҳи чеҳраҳои боздоштшуда шаҳодат додаанд
Чӣ гуна чангу ғубор ба пиряхҳои Тоҷикистон таъсир мерасонанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста