Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи ҷаҳонии гурзандозӣ дар шаҳри Ҳаллеи Олмон гурзро ба дурии 77 метру 11 сантиметр ҳаво дода, мақоми дувумро касб кард ва соҳиби медали нуқра шуд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар мусобиқаи ҷаҳонии гурзандозӣ дар Ҳалле Павел Фаҷдек аз Лаҳистон бо натиҷаи 82 метру 31 сантиметр ғолиб шуд. Ник Миллер аз Бритониё бо натиҷаи 76 метру 81 сантиметр ҷойи севумро гирифт.

Ин мусобиқа барои Дилшод Назаров пеш аз ширкат дар мусобиқоти ҷаҳонӣ аз силсилаи “IAAF Hammer Throw Challenge” як навъ санҷиш буд. Нахустин даври ин мусобиқот имсол дар Пекини Чин баргузор шуд. Даврҳои минбаъда дар Ҷопон ва Бразилия барпо мегарданд. Даври ниҳоии силсилаи “IAAF Hammer Throw Challenge” рӯзи 29-уми август дар Загреби Хорватия баргузор хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров соли гузашта дар панҷ даври мусобиқоти ҷаҳонӣ ширкат карда, бо 236.37 имтиёз дар феҳристи зӯртарин гурзандозҳои ҷаҳон мақоми дувумро касб намуд. Соли гузашта ӯ дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр ҳаво дод ва бо медали тилло сарфароз гашт. Вай барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2015 дар шаҳри Пекини Чин мебошад.

“Мусобиқаи асосии имсола қаҳрамонии ҷаҳон аст, ки рӯзҳои 4-13 август дар Лондон баргузор мешавад. Ман Тоҷикистонро намояндагӣ мекунам. Кӯшиш менамоям, ки медал ба даст биёрам. Дар варзиш пешгӯӣ кардан мушкил аст, аммо умедворам, ки муваффақ мешавам”, - гуфт Дилшод Назаров.

Аз рӯи натиҷаҳои мусобиқоти имсола ҳоло Дилшод Назаров бо 77,11 метр дар даҳгонаи беҳтарин дар ҷойи нӯҳум аст. Дар се ҷойгоҳи аввал Павел Фаҷдек (Лаҳистон, 82,31 м), Войтсех Новитски (Лаҳистон, 78,54 м) ва Павел Барейша (Булғористон, 78,04 м) дохиланд.