Дар шаҳри Бхубенешвараи Ҳиндустон мусобиқаи Чемпионати ХХII-уми Осиё оид ба варзиши сабук анҷом ёфт.

Тавре ки пешгӯӣ мешуд, қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016, варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқаи гурзандозӣ ғолиб омада, бори чаҳорум ба унвони қаҳрамони Осиё дар ин риштаи варзиш шарафёб гардид.

Дар бартарияти Дилшод Назаров ҳеҷ ҷои шакку шубҳае набуд. Се партоби ӯ беҳтарин натиҷаҳо дар мусобиқаи Чемпионати Осиё-2017 буданд. Партоби беҳтарини ӯ 76,69 см-ро ташкил дода, аз нишондиҳандаи зинаи дуюм - варзишгари Чин Ван Сидзу (73.81 см) қариб се метр зиёдтар аст. Медали биринҷии мусобиқа дар гурзандозиро намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Ли Юн-Чул (73.77 см) ба даст овард.

Қобили зикр аст, ки ин ғалабаи чоруми гурзандози тоҷик дар мусобиқаҳои Чемпиоанти Осиё мебошад. Қаблан ӯ медалҳои тиллои мусобиқаи Чемпионати Осиёро дар Гуанчжоу (Чин, соли 2009), Пуна (Ҳиндустон, соли 2013) ва Ухани (Чин, соли 2015) ба даст оварда буд. Ғайр аз ин, Дилшод Назаров ғолиби секаратаи Бозиҳои Осиё -  Доҳа (Қатар, соли 2006), Гуанчжоу (Чин, соли 2010) ва Инчхон (Кореяи Ҷанубӣ, соли 2014) низ мебошад.

Ҳамчунин мебояд гуфт, дар ин мусобиқаҳо дигар намояндагони Тоҷикистон ба натиҷаи назаррас ноил нагардиданд.