Ассотсиатсияи байнулмилалии федератсияҳои варзиши сабук доир ба шарикии махсус бо Elite Ltd (All-Athletics) барои таъсиси Рейтинги расмии ҷаҳонии ИААФ (IAAF World Rankings) хабар дод, ки минбаъд зимни интихоби варзишгарон ба мусобиқаҳои бузурги байнулмилалӣ ба инобат гирифта мешавад.

Чанде пеш сомонаи all-athletics.com рейтинги беҳтарин намояндагони варзиши сабуки ҷаҳонро ба нашр расонид. Мувофиқи он, варзишгари тоҷик, қаҳрамони олимпӣ Дилшод Назаров дар рейтинги ҷаҳонии варзиши сабуки ИААФ миёни гурзандозон мақоми 5-умро ишғол мекунад.

Дар зинаи аввали рейтинг Павел Файдек - 1362 имтиёз, зинаи дуюм Войсех Новитский - 1288 имтиёз (ҳарду аз Лаҳистон), ҷойи сеюм Квентин Бигот - 1256 имтиёз (Фаронса) ва мақоми чорум Валерий Пронкин - 1249 имтиёз (Русия) қарор гирифтаанд.

Аз дастовардҳои Дилшод Назаров, ки дар ин раддабандӣ ба назар гирифта мешаванд, медали тиллои Бозиҳои олимпӣ, медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон, медали тиллои Бозиҳои Осиё ва Чемпионатҳои Осиё, медали нуқраи Чемпионати Осиё ва медали нуқраи Ҷоми Осиё ба ҳисоб гирифта шудааст.

Рекорди шахсии Дилшод Назаров - 80.71 метр мебошад, ки ба ин нишондиҳанда дар шаҳри Халл (Олмон) моҳи майи соли 2013 ноил гардида буд.

Дар мавсими имсола натиҷаи беҳтарини ӯ - 77.81 метр моҳи июн дар мусобиқаи Острава (Чехия) мебошад.