Дар чемпионати Осиё оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ миёни ҷавонони то 23-сола варзишгарони Тоҷикистон сазовори ду медал гардиданд.

Бино ба иттилои маркази матбуои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, варзишгари маъруфи кишвар Шаҳриёр Даминов дар қувваозмоии қайиқронӣ дар каноэи якнафара ба масофаи 1000 метр сазовори медали тилло шуд. Дар ин масофа ҷои дуюмро намояндаи Ӯзбекистон ва зинаи сеюмро варзишгари Эрон ишғол намуданд.

Гуфта мешавад, Шаҳриёр Даминов, ҳамчунин дар каноэи чорнафара ба масофаи 1000 метр ҳамроҳ бо Мустафо Даминов, Иван Ковалев ва Дилшод Ҷӯраев медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Қобили зикр аст, ки Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола ва Ҷоми Осиё оид ба қайиқронӣ дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон бо иштироки беш аз 300 нафар варзишгарони 15 давлати Осиё 20 октябр оғоз гардида, то 25 октябр идома меёбад. Аз ҷумҳурии мо дар ин мусобиқот 23 варзишгар иштирок доранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.