Дар шаҳри Гулистон рӯзи 15 март мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон бо ширкати бошгоҳҳои лигаи олии кишвар бо пирӯзии дастаи «Ҳосилот»-и Фархор ба анҷом расид.

Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар бозии финалӣ «Хуҷанд» ва «Ҳосилот» вохӯрданд. Вақти асосии бозӣ мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 25-ум ҳимоятгари «Хуҷанд» Тони Бикатал кушод. Дар лаҳзаҳои охири нерӯсанҷӣ Наврӯз Рустамов аз зарбаи ҷаримавии 11-метра ҳисобро мусовӣ кард.

Гуфта мешавад, дар силсилаи зарбаҳои пеналти футболбозони «Ҳосилот» бо ҳисоби 3:2 дастболо шуданд.

Зикр мегардад, ки медалҳои биринҷии Ҷоми Лига насиби бозигарони «Эсхата»-и Хуҷанд гардиданд, ки дар бозӣ барои ҷойи сеюм бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд. Аз ҳайати «Эсхата» Дилшод Бозоров ва Дилшод Каримов гол заданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.