Бозии даври охири марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар гурӯҳи “Е” миёни дастаҳои “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ва “Ал-Наср”-и шаҳри Риёз (Арабистони Саудӣ) рӯзи 5 декабр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, ки мухлисон онро хеле интизорӣ доштанд, мусовӣ - 1:1 анҷом ёфт.
Тӯби аввалро футболбози тими “Истиқлол” Алишер Ҷалилов дар қисми аввали вохӯрӣ ба ҳадаф расонида, сипас дар аввали қисми дуюм ҳамлагари дастаи “Ан-Наср” Абдураҳмон Ғариб ҳисобро баробар кард.
Пас аз анҷоми вохӯриҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаи “Истиқлол” аз ҳаққи идомаи рақобат дар марҳилаҳои минбаъдаи мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё маҳрум шуда, “Ан-Наср” ба даври дигар роҳ ёфт.
Қобили зикр аст, ки ин вохӯриро сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе дар экрани калоне, ки назди Театри опера ва балет гузошта шуда буд, низ тамошо карданд.
Мухлисони сершумори футболи Тоҷикистон иштироки ситораи футболи ҷаҳон - Криштиану Роналдуро дар ин бозӣ беқаророна интизорӣ доштанд, лекин ин футболбози маъруф ба Душанбе наомад.
Пеш аз бозӣ бошгоҳи “Истиқлол” бо такя ба маъмурияти бошгоҳи “Ан-Наср” хабар дод, ки Криштиану дар дидор бо “Персеполис”-и Эрон ҷароҳат бардошта ва то ба ҳол шифо наёфтааст.
Ба иттилои телевизиони “Варзиш” пас аз ҷароҳате, ки Роналду муқобили “Персеполис”-и Теҳрон гирифт, ҳоло пурра саломатиашро барқарор накардааст.