Размикори ҷавони тоҷик Нуриоллоҳ Муродов бори нахуст дар мусобиқаи Octagon 82 дар шаҳри Алмаато (Қазоқистон) ба рақобат мепардозад. Нуриоллоҳ писари сарояндаи маъруфи тоҷик Ҷонибек Муродов ва набераи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ҷӯрабек Муродов аст.

Размикори тоҷик бо варзишагри қазоқ Биржан Ертилек (1-1) рақобат мекунад. Ин рақобат дар маркази таваҷҷуҳи мухлисони ҳарду ҷониб қарор дошта, рӯзи 30 ноябр доир мегардад ва размикори тоҷик изҳор доштааст, ки ба набард омода аст.

Лавҳаи эълони рақобат
Акс аз Octagon

Муродов ба ин рақобат хеле ҷиддӣ омодагӣ гирифта, мехоҳад собит кунад, ки ӯ ба ин ҷо ба муддати тӯлонӣ омадааст. Размикори қазоқ таҷрибаи иштирок дар мусобиқаҳоро дошта, акнун имкони деринтизорро ба даст овардааст.

Нуриоллоҳ Муродов дар мусобиқа оид ба грэпплинг дар иёлати Невадаи Амрико зинаи аввалро касб кард. Сарфи назар аз синнусоли худ, ӯ миёни калонсолон рақобат кард. Ӯ ғалаба ба даст оварда, ба даври навбатии мусобиқа, ки маъмулан дар ИМА баргузор мешавад, роҳ ёфт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.