Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар беморхонаҳои марказии вилояти Суғду Хатлон китобхонаҳои адабиёти тиббӣ ташкил дода мешаванд.
Ҳамоҳангсози робита бо ҷомеаи Маркази татбиқи лоиҳаҳои соҳаи тандурустии ҶТ Наргис Қосимова иттилоъ дод, ки бо дастгирии Лоиҳаи тандурустии бунёдӣ ва ҷамъиятӣ тавассути бурси Бонки ҷаҳонӣ ба маблағи 33 ҳазор доллари амрикоӣ беш аз 1,1 ҳазор нусха китобҳои адабиёти тиббӣ дастрас гардид.
Бино ба иттилои манбаъ, дар беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Ашт ва Спитамени вилояти Суғд, шаҳрҳои Нораку Сарбанд ва ноҳияҳои Қабодиёну Шӯроободи вилояти Хатлон китобхонаҳои дорои адабиёти замонавии тиббӣ ифтитоҳ мегарданд.
«Беморхонаҳо 140-160 нусхагӣ китоб мегиранд. Кормандони тиб имкон пайдо мекунанд, ки бо навгониҳои охирин дар соҳа огаҳӣ пайдо намуда, сатҳи дониши касбии худ ва ба ин васила беҳтар сохтани малакаҳои кӯмаки тиббиро ба аҳолӣ баланд бардоранд», - изҳор дошт Н.Қосимова ва афзуд, ки китобҳои мазкур хазинаи китобхонаҳои тибби оилавии ҷумҳуриро ғанӣ месозанд.
Нуқтаи обтақсимкунии “Головной”. Тоҷикистону Қирғизистон онро чӣ гуна тақсим карданд?
“Рӯйхати сиёҳ”-и ВКД-и Русия чист ва барои аз он берун кардани ном чӣ бояд кард?
Қитъаи роҳе, ки Қирғизистон аз Тоҷикистон ба иҷора гирифта буд, мақоми бетараф мегирад
Қурби рубл боло меравад. Кадом омил боиси тақвияти қурби пули Русия гардид?
Дар Душанбе барои сохтмони метро мутахассис омода мекунанд
“Коргарони “Роғун” метавонанд рӯза нагиранд”. Муфтии Тоҷикистон гуфт, кӣ метавонад рӯза нагирад
Интихоботи парлумонии Тоҷикистон. Аз оғоз то имрӯз
Азим Байзоев, яке аз мубаллиғони омӯзиши забони тоҷикӣ, даргузашт
Як созмони байналмилалӣ ҳукми зиндони Рухшона Ҳакимоваро маҳкум карда, озодиашро талаб намуд
Ҷасади ронандаи зери тарма мондаро як рӯз баъд пайдо кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста