Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Бонки Эсхата» тарзи тозаи маблағгузорӣ - «Маблағгузорӣ бо асъори гуногун»-ро мавриди истифода қарор дод.

Дар шарҳи масъалаи мазкур сардори шӯъбаи тиҷорати чаканаи бонк Бахтиёр Ҳошимов чунин ибрози назар намуд, ки ин тарзи маблағгузорӣ ба маблағгузории мултиасъорӣ, ки дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Русия хеле рушд ёфтааст, қаробат дорад.

Номбурда изҳор дошт, ки маблағгузорӣ бо асъори гуногун махсусан ҳангоми шадидан болову поин рафтани қурби асъор даромади зиёд меорад. «Бо назардошти вазъи имрӯзаи номусоиди бозори молиявии ҷаҳон, мо қарор додем, ба мизоҷон хизматрасонии эҳтиёти маблағҳо аз таваррум ва поин рафтани қурби асъорро пешниҳод созем», - гуфт Б.Ҳошимов ва афзуд, ки мизоҷ на танҳо маблағи худро эмин нигаҳ медорад, балки имконият пайдо мекунад, ки аз он даромади бештар бигирад.

Ба қавли корманди бонк, миқдори фоизҳои ин тарзи маблағгузорӣ чун маблағгузориҳои дигари инфиродӣ вобаста ба тарзи асъор аз 18 то 20 дарсади солонаро ташкил медиҳанд.